Ғанимат дон айёми ҷавониро
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 413
Ҷавониро, ки давраи тиллоии умр аст, бояд ғанимат донист. Хушбахтона, дар ватани мо имрӯз сулҳу ваҳдат ҳукмфармост ва ҷавонони мо озод, дар ҳама соҳаҳо пайи кору фаъолиятанд. Дар омӯхтани илму дониш бо ҳам сабқат мекунанд ва дар ихтироъкорӣ ҳамто надоранд. Вақте аз назди донишгоҳе мегузарӣ, донишҷӯёни зиёдеро дида, шукр мегӯем, ки дар ватани мо чунин рӯзҳо расиданд, шукр мегӯем, ки мо миллати бофарҳанг ва илмдӯст ҳастем.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, мо имрӯз дар бораи ҷавонон чизҳоеро мешунавем ё мебинем, ки таассуфовар аст. Сухан дар бораи баъзе ҷавонони гумроҳе меравад, ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ ҳамроҳ мешаванд. Чаро чунин аст? Фикр мекунам, пеш аз ҳама, надоштани ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, саводи динӣ, паст будани сатҳи фарҳанги бархе аз ҷавонон аст, ки аз бефаҳмиву беаҳамиятӣ ба ин гурӯҳҳои тундрави бо ном “исломӣ” ҳамроҳ мешаванд ва ҳаёти имрӯзаву ояндаи худро ба бод медиҳанд. Вақте наворҳои ин гурӯҳҳоро тамошо мекунӣ, камтарин раҳму шафқати инсонӣ дар онҳо дида намешавад.
Экстремизм аслан бо якчанд шакл фаъолият карда метавонад, ки яке аз самти он роҳи идеологӣ мебошад. Бо воситаи идеологияи устувор ва ҳаматарафа таҳлилкардаи худ гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротӣ ба шуур ва ақоиди ҷомеа, бахусус ҷавонон, ки бетаҷриба ва осебпазир мебошанд, таъсир расонида, онҳоро ба амалҳои ифротӣ ҷалб менамоянд.
Аз ҳамин лиҳоз, мо бояд ҳушёрии худро аз даст надода, ба ҷавонон фаҳмонем, ки ин фақат идеологияҳои экстремизму ифротгароӣ буда, ҳадафи он нобуд сохтан ва ноором гардонидани замони тинҷии мо мебошад. Дар назари аввал пайравони ин ҳаракатҳо аз дигар мусалмонон фарқият надоранд, аммо ҳаракатҳои пинҳонии нопоки онҳо тамоми мусалмонон, аз ҷумла бархе ҷавонони ҷумҳурии моро ба гумроҳӣ андохта истодааст. Ифротгароёни ТТЭ ҲНИ ба хоҷаҳои хориҷии худ хизмат намуда, мехоҳанд сулҳу суботи кишвари соҳибистиқлоли моро халалдор созанд.
Ҷавонон, ки ояндасози давлати мо мебошанд, зиракии худро аз даст надиҳанд. Мо бояд ба онҳо ба ҳар роҳу восита фаҳмонем, ки ҳадафи ин гуна гурӯҳҳо ноором сохтани ҷомеа асту бас. Мо бояд насли ҷавонро чунон тарбия намоем, ки ғурури тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва нангу номусро фаромӯш накунанд. Роҳ надиҳем, ки онҳо ба доми фиребу найранги ҳар гуна гурӯҳҳо афтанд. Ҳушёриву зиракиро аз даст надода, ҳамеша баҳри пешрафти давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлоли худ кӯшанд.
Шоҳрух Неъматзода,
муфаттиши калони прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00