Машъали соҳа
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 май, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 468
Ноҳияи Муъминобод дар соҳаи парвариши кирмак бо номҳои Шариф Холов, Бобо Собиров, Аҳмад Ёров, Сафармо Бақолова ифтихор дошт. Агар амаки Шарифи Хол соле аз 300 кило зиёд пиллаи аълосифат месупорид, дигар пешқадамон низ аз 100-120 кило кам намеомаданд. Ягон кас онҳоро маҷбур намекард. Пули нағзу даромади хуб мегирифт мардум.
Инак, бо гузашти солҳои рукуди ҷанги шаҳрвандӣ боз давлату Ҳукумати Тоҷикистон рӯ ба рушди ин соҳаи муҳими ашёи хоми саноат овард. Тайи солҳои охир ин соҳа хеле пеш рафта истодааст.
14 апрел ба деҳаи Кулдамон сафар доштем. Бо роҳнамоии заминшиноси ҷамоат акаи Қудрат, сардори бахши кирмакпарварии ноҳия Сафар Муродов роҳ сӯи ҳавлии апаи Мавҷонбӣ гирифтем. Гуфтанд, ки ӯ дар солҳои шӯравӣ низ аз пешқадамони арсаи меҳнат буд. Соле то 70-80 кило пилла месупорид. Дар даҳ соли охир ӯ аз пешсафони ҷамоат аст.
Агар дар Балхобию Боғиҳабиб нав кирмак аз хоби якуму дуюм бедор шуда бошад, кирмакҳои апаи Мавҷонбӣ аллакай аз хоби сеюм хестаанд.
Имсол ният дорем, ки 60 кило пилла супорем,- гуфт Мавҷонбӣ Холова. Писараш барг меораду дигар нигоҳубини кирмак дар зиммаи Мавҷонбӣ аст. Шавҳараш Абдукарим Қаюмов, ки солҳои пеш механики совхоз буд, имрӯз ба деҳқонӣ шуғл дорад.
Парваришу нигоҳубини кирмак як моҳ бошад ҳам, бисёр мушкилу заҳматталаб аст. Андаке фориғболӣ, риоя накардани қоидаю технология заҳматро барбод медиҳад.
Апаи Мавҷонбӣ бо аҳли оилааш зиндагии серу пур дорад. Сол ба сол зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.
Нархи хариди пилла ҳам афзуда истодааст. Акнун проблемаи норасоии барг ба миён меояд. Аз ҳоло фикри шинондани ниҳолҳои нави тутро кардан лозим аст. Ба мушоҳида мерасад, ки баъзе тарбурон дарахтони тутро ҳезум ва нест карда истодаанд. Идораи экологияи ноҳия ба ин коре надорад.
Аз қадим парвариши кирмак ифтихори миллии тоҷикон буд. Пилларесӣ, дӯхтани сару либос, рӯймолҳои калон, рӯмолчаҳои чакан, бофтани шоҳию атлас ба ҳукми анъана даромада буд. Бошад, ки соҳа аз нав рушд ёбаду атласу шоҳии тоҷик боз оламгир шавад.
Насиба Ҳасанова,
рӯзноманигор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00