Зиндадилии кӯдакон аз ҳолати равонӣ вобаста аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 712
Олами кӯдакӣ бо шодию сурур, бозиву таассуроти хуб давраи бепарвоиву хушбахтии инсон аст. Мо-калонсолон аз гузаштани айёми хуштарини ҳаёти хеш таассуф мехӯрему ба кӯдакон ҳасад мебарем.
Дар асл, ин олам қонунҳои худро дорад. Он қадар содаву осон нест.
Кӯдакон зери назорати калонсолон бошанд ҳам, байни худ муносибати хосса доранд ва дар ин муҳит худро мувофиқу озодтар ҳис мекунанд. Кӯдакон дар оила, боғча, мактаб, муҳити кӯча, тарбия меёбанд ва омӯзиши оламу одам барояшон мушкилиҳо дорад. Зеро дар онҳо эҳсос бештар рушд карда, баҳо додан аз рӯйи ақл камтар дида мешавад. Ҳар як кӯдак мувофиқи синну сол ба қадри тавоноии худ ба олам менигарад. Оё мо-калонсолон инро ба назар мегирем?
Дар муносибат ба онҳо, байни ҳамсолонамон будани онҳоро дар хотир дорем? Дар назди кӯдакон сухан ё рафторе мекунем, ки барои онҳо таъсиру оқибати нохуш доранд. Одатан, фикр мекунем, ки “Кӯдак аст, намефаҳмад”. Аммо онҳо чун шоҳидони муносибатҳои неку бади калонсолон бо гузашти солҳо ба маънии он сарфаҳм мераванд. Масалан, муноқишаи падару модар осеби равоние медиҳад, ки кӯдакро ба андеша водор мекунад. Ӯ метавонад ба ин муносибат пайравӣ ё маҳкум намояд, ба сирати инсон сарфаҳм равад.
Тарбияи кӯдаки аз ҷиҳати равонӣ мустаҳкам, қобили паси сар кардани мушкилиҳо, зина ба зина шахсияти ӯро ташаккул медиҳад. Солиму закӣ, ҷасуру хушрафтор ба воя расидани фарзанд чи қадар заҳматталаб аст. Бо вуҷуди кӯшиши дастҷамъонаи падару модар, мураббиён, омӯзгорон ҳолатҳое ба чашм мерасанд, ки кӯдакон одатҳои бад пайдо мекунанд. Дурӯғ гуфтан, зӯрӣ кардан ба ҳамсолон, ҳатто ба дуздиву авбошӣ моил мешаванд.
Дар тасаввури мо-калонсолон намеғунҷад, ки чаро бо кӯдак чунин ҳолат рух медиҳад. Мо таъминоти модии ӯро асосӣ меҳисобем. Ҳол он ки кӯдак доимо ба муносибат ниёз дорад, мехоҳад аз пешравию нокомиҳояш огоҳ бошанд, кумакаш кунанд.
Калонсолон набудани вақтро баҳона пеш оварда, аз вазъи равонии ӯ бехабар мемонанд. Кӯдакон бо мушкилиҳои худ танҳо монда, завқашон ба таҳсил, бозӣ ва ҳатто ҳаёт кам мегардад. Вақте ки мусибат рух медиҳад, ҳайрон мешавем, ки чаро ин тавр шуд? Чаро кӯдаки ноболиғ, ин рафторро ба худ раво дидааст? То ҳадди ба худкушӣ расониданаш чӣ боис шуда бошад? Афсӯсу надомати наздикон зиёд асту илоҷи кор ҳам намонда. Аз ин фоҷиаи ҷонгудозтар нест барои падару модар. Барои марги табиӣ гум кардани фарзанд чи қадар вазнин аст, ки дарки ба марг супоридани ӯ таҳаммул шавад.
Вақте ки аз равоншиноси собиқадор М. Маҳмудов, устоди ДДБ ба номи Носири Хусрав, омилҳои худкушии ноболиғонро пурсон шудам, ӯ як воқеаро нақл кард:
- Вақте ки дар шаҳри Москва донишҷӯ будам, ба таҷрибаомӯзӣ фиристоданд. Духтарчаи синфи 5-ум худкушӣ карда буд. Мо бояд экспертиза мегузаронидем. Толибаи аълохон, фаъол, намуна будааст. Дар оила муносибаташ бо падару модар хуб. Ҳайрон будем, ки кадом сабаб боиси чунин “таркиши равонӣ”, асабоният ва маҳрум кардани худ аз ҳаёт шуда бошад? Аз суҳбат бо ҳамсинфон маълум шуд, ки боре муаллимааш барои ҷавоби носаҳеҳаш ӯро мазаммат кардааст. Духтарча дар назди ҳамсинфонаш, ки ҳамеша таъриф мешунид, шарм карда гиристааст. Ба қавле сухани омӯзгор ба иззати нафси ӯ расидааст. Кӯдакон болаёқату доно бошанд ҳам, психологияи озурдашавии кӯдакона онҳоро тарк намекунад. Муносибати калонсолон бояд бо дарназардошти синну сол сурат гирад. Кӯдак ҳам инсони хурдакак аст ва нисбати худ эҳтиромро талаб мекунад.
Дини мубини ислом худкуширо маҳкум карда, дар зиндагӣ таҳаммулпазирӣ буданро талқин мекунад. Падару модар барои тарбияи фарзанд, зиндагии ӯ масъулияти калонеро ба дӯш доранд. Ба ғайр аз таъминоти моддии онҳо, омӯзонидани касбу ҳунар ва илм, муносибат бояд одилона бошад.
Расули Худо (с) фармудааст, ки беҳтарин фарзандони шумо духтаронанд. Писарон неъматанд аз ҷониби Худованд бар падару модар ва духтарон бошанд, ҳасана, яъне некӣ. Ислом дастур медиҳад, ки агар падаре ҳадяе барои фарзандон биёрад, аввал бояд, ки ба духтарон бидиҳад, баъд писаронро, чунки дили духтар бисёр нозук аст ва зуд меранҷад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди сӯиқасд ба ҷони худ кардан аз ҳисоби духтарон зиёд аст. Гарчанде ки омили зиёд эҳсосӣ будани духтарон вуҷуд дорад, он аз тарбияи дурусти онҳо баробари писарон низ вобастагӣ дорад. Қавииродагӣ, устувор будан дар иҷрои нақшаи худ, далерӣ бояд ба ҳамаи фарзандон омӯзонида шавад. Оптимизм ё ҳаётдӯстиро дар инсон, новобаста ба ҷинс, ташаккул додан зарур аст. Чи тавре Бедил гуфтааст:
Умрро медон ғанимат ҳар нафас,
Чун равад, дигар наояд боз пас.
Духтури кӯдаконаи бемориҳои рӯҳӣ А. Н. Чехова дар бораи асабонияти шадиди кӯдакон маълумот дода, тавсия медиҳад, ки гузаронидани психотерапия муфид аст. Иваз кардани муҳити хонаи кӯдак, бештар додани таассуроти хуш самараи хуб медиҳанд. Аммо табобати “забонӣ”, яъне суҳбати самимӣ бо ӯ, шунидани дарди дили вай барои аз ин ҳолат баромадан бисёртар таъсир мебахшад. Кӯдак аз шиддати рӯҳӣ метавонад ба бемориҳои дигар – лакнати забон, энурез, бехобӣ гирифтор шавад. Шоҳиди муноқишаи волидон будан, дар мавзеи садама ё офати табиӣ қарор доштан, баланд будани худбаҳодиҳӣ, худхоҳу эрка тарбия ёфтан, эҳсоси ба хостаҳои кӯдакӣ ноил шуда натавонистан метавонад ба равони кӯдак таъсири манфӣ расонад.
Мамлакат Муродова, мураббии муассисаи томактабии “Садбарг”-и шаҳри Бохтар, дар бораи бисёр нозук будани ҳолати равонии ҳар як тарбиятгиранда қайд намуда, аз суҳбати кӯдакон мисоле овард: Кӯдакон байни худ дар бораи ҳама чиз гап мезананд. Аз гуфтору рафтори онҳо муҳити тарбия дар оила, ба қавле “сир”-и калонсолон фош мешавад. Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст: «кӯдакон ба калонсолон пайравӣ мекунанд, бо забони онҳо сухан мегӯянд. Гоҳо бисёр таассуфовар аст, ки аз лафзи кӯдакона ҳақорат, паст задани дигаронро мешунавем. Аз онҳо фаҳмидам, ки дар Боғи истироҳатии шаҳрамон дар қатори атраксионҳои бозиҳои кӯдакона “Хонаи воҳимаангез” (комната страха) ташкил шудаасту ба он ҷо даромадан замон аҷузаҳо ҷинҳо, қаҳрамонҳои бадсурату бадҳайбати сохта ҳамла мекардаанд».
Бозиҳои саргармкунандаи ваҳшатнок?
Махсусан, кӯдакон наметавонанд инро сабр кунанд, ба сохта будани ин тамошои бемаънӣ сарфаҳм раванд. Аз ҳама муҳим он аст, ки ҳолати равонии кӯдак ба тамошои филмҳои хушунатомез, ки зӯриву куштор доранд, ҷавобгӯ нест. Ин гуна кӯдакон дар хобашон мегирянд, безобита ва тарсу мешаванд. Малоҳат Усмонова, равоншиноси мактаби таҳсилоти миёнаи умумии русӣ-тоҷикии ба номи М. Ломоносови шаҳри Бохтар мегӯяд, ки ҳолатҳои тарсу ғазаб, садамаи рӯҳӣ (депрессия) дар кӯдакон сабабҳои гуногун дорад. Омили иқтисодӣ-нобаробарии вазъи моддии оилаҳои ҳамсинфон; иҷтимоӣ ба меҳнати вазнин ҷалб шудани кӯдакон; равонӣ дар оилаи носолим тарбия ёфтани кӯдак, хушунати оилавӣ; истифодаи телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ-бозиҳои ба рӯҳияи кӯдак осебпазир; доштани бемории рӯҳӣ метавонанд ба вазъияти равонии кӯдакон таъсири зиёд расонанд. Махсусан, кӯдакони дар синни хурди миёна, хонандагони синфи 4 ва 5 дар марҳилае қарор доранд, ки бояд зинаи мушкилтари ташаккули шахсиятро гузаранд. Одат кардан ба муҳити нави таълим, омӯзгорони гуногун доираи дарки оламро васеътар менамояд. Тарси аз уҳдаи иҷрои масъулияти нав набаромадан дар мафкураи онҳо ҷой гирифта, то мутобиқ шудан боқӣ мемонад. Одатҳои бади дуздӣ, дурӯғ гуфтан, қасд гирифтан ҳам дар ҳамин синну сол мушоҳида мешавад. Кӯдакони ин давра “ман”-и худро муаррифӣ кардан мехоҳанд. Ҳол он ки онҳо на кӯдаки хурд ҳастанду на навраси калонсол. Онҳо хеле эҳсосотӣ буда, ба дигарон нишон доданӣ мешаванд, ки ба рафтори калонсолона қодиранд. Аммо ҳисси тарсу ҷазобинӣ гоҳо онҳоро ба ҳодисаҳои нохуш водор мекунад. Дору мехӯранд, худро аз баландӣ мепартоянд, ҳатто сӯиқасд ба ҷон мекунанд. Онҳо мехоҳанд, ки мо-калонсолон ба мушкилиҳои ӯ диққат диҳем, кумакашон кунем.
Пешгирӣ кардани ин ҳолат ба дӯши волидон, мураббиён, омӯзгорон вогузор шудааст. Дар таҷрибаи кории худ ҳамчун равоншинос мушоҳида мекунам, ки аз таъсири муҳити муошират бо бачагони душвортарбия ва осебпазир таъсири интернет бештар гардидааст. Шавқмандии онҳо бо бозиҳои “Маргро фиреб медиҳем”, “Кӣ бойтар мешавад?”, “Битарсон” ниҳоят аз вайроншавии равонии кӯдакон то ба қарздорӣ, беморӣ ва худкушӣ оварда мерасонад, афзуд М. Усмонова.
Дар мактаби русӣ бо хонандагон, волидон ва роҳбарони синф оид ба муайян ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ногувори равонии хонандагон суҳбатҳои фардӣ, муҳокимаҳо гузаронида мешавад. Аз таҷрибаи равоншиносони мактабҳои русӣ гузаронидани пурсишнома тибқи анкетаи Л. Г. Седеренко “Чӣ гуна фазои психологии синфро муайян мекунанд?”, тести “Муайян кардани безобитагии мактабӣ аз рӯйи тавсияи Филипс” манфиатбахш мебошад. Барои рӯҳияи солими кӯдакон ҳамкории омӯзгор, волидон ва равоншинос лозим аст, то дар марҳилаи ҳассос - ташаккули шахсияти комил ба иштибоҳ роҳ дода нашавад.
Ба фаъолият шурӯъ кардани равоншиносон дар муассисаҳои таълимӣ талаботи замон мебошад. Барои тарбияи насли навраси солиму болаёқат, фаъолу далер, ватандӯсту содиқ ҳолати равонии он нақши муҳим мебозад.
Зиндагӣ зебост. Бо ҳама буду набудани ҳаёт барои инсон неъмати бузург аст. Ба қадри ҳар лаҳзаи он расидан, ба рӯзҳои хушбахту бобарор шукр кардан, дар ноомаду мушкилиҳо роҳи ҳалли онро ҷустан, ба санҷишҳои зиндагӣ сабру далерӣ нишон додан лозим меояд. Дар кӯдакон ин эҳсосро бо ибрати шахсӣ, маслиҳату раҳнамоӣ парвариш додан вазифаи мо - калонсолон аст.
Маҳкамова Дилором,
"Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...