Тақдими «Шоҳнома» ба 7833 оила
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 136
![]()
Дар доираи иқдоми фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавӣ «Шоҳнома» ба ноҳияи Ховалинг низ расид. Дар доираи ин иқдоми маънавию маърифатпарварона дар 5 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия ба 7833 оила нусхаҳои ин китоби таърихию адабӣ тақдим мегарданд.
Тақсими шоҳасар бо иштироки намояндагони Ҳукумати мамлакат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулони соҳаҳои маорифу фарҳанг ва фаъолони ҷомеа ба роҳ монда шуда, сокинон ин иқдоми Пешвои миллатро ҳамчун рамзи таваҷҷуҳи давлат ба фарҳанг, адабиёт ва худшиносии миллӣ бо эҳсоси ифтихору сипос пазируфтанд.
Ин иқдом ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Сокинони ноҳияи Ховалинг ҳангоми соҳиб шудан ба туҳфаи Сарвари давлат изҳор доштанд, ки «Шоҳнома» ҳамчун мактаби бузур-ги хирад ва мардонагӣ барои ҳар хонанда манбаи ифтихор аз гузашта ва илҳомбахш барои оянда мебошад. Онҳо иброз намуданд, ки Пешвои миллат бо ин иқдоми беназир дар таҳкими худшиносӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ боби тозае боз намуданд.
Ин ташаббуси фарҳангпарварона дар баробари дигар иқдоми маънавии Сарвари давлат, аз ҷумла тақдими асари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба ҳар хонадон ба таҳкими ҳувияти миллӣ, болоравии маърифати фарҳангӣ ва бедории фикрии ҷомеа мусоидат менамояд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00