Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ


ҶАЙҲУН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ




Имрӯз, 18 октябр, зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ҷайҳун бо рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 шинос шуданд.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда истодааст.

Мактаби мазкур барои 1248 хонанда дар ду баст сохта шуда, маблағгузор Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мебошад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ таъкид намуданд, ки бояд ишоотҳои ҷашнӣ бо сифатӣ баланд ва тибқи нақша сохта шавад.

"Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода