МЕҲРГОН– таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 109
![]()
Меҳргон аз замони подшоҳии Каюмарс, Ҷамшед ва баъдтар Ҳахоманишиён ва Сосониён то имрӯз бо шеваҳои гуногун ҷашн гирифта мешуд, ки аз нишони меҳру дӯстӣ, ҳосили фаровон ва гармии офтоб ҷашн гирифта мешавад.
Одатан, 8-уми октябр (16-уми меҳр дар тақвими эронӣ) ҷашн гирифта мешавад. Дар гузашта бо либосҳои рангоранг, гулу мева, оташ афрӯхтан, шодию рақсу суруд ва хӯрокҳои анъанавӣ ҷашн мегирифтанд. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили деҳқон, шукргузорӣ барои неъматҳо ва ҳосили замин мебошад.
- "Меҳр" калимаи форсӣ/паҳлавӣ аст, ки маънои дӯстӣ, муҳаббат, садоқат, офтоб ва рӯшноиро дорад.
- "Гон" (гон) пасванде мебошад, ки маънои ҷашн ё рӯзро медиҳад.
Пас, Меҳргон маънои "Рӯзи муҳаббат", "Ҷашни меҳр" ё "Ҷашни офтоб ва дӯстӣ"-ро дорад. Ин ҷашн рамзи меҳру муҳаббат миёни одамон, пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, шукргузорӣ аз неъматҳои табиат аст. Ҷашни Меҳргон дар фарҳанги тоҷикон ва эрониҳо ҷойгоҳи хосе дорад.
Дар Тоҷикистон ҷашни Меҳргон солҳои охир ба таври расмӣ ва анъанавӣ эҳё шуда истодааст, гарчанде ки муддате дар замони шуравӣ таҷлил намешуд. Ба ҷашни Меҳргон Истиқлоли давлатӣ умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009, таҳти № 538 дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон, механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлатии тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд.
Ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистони муосир ҳамчун ҷашни кишоварзон, руҳияи қадрдонии заҳмати деҳқон, фаровонии неъмат ва дӯстиву ваҳдат, шукргузорӣ аз ҳосил таҷлил мегардад. Мақомот ва мардум онро асосан дар охири мавсими дарав (аввали октябр) баргузор мекунанд, дар баробари ҷашни Наврӯз, Меҳргон низ як ҷашни фарҳангиву миллӣ дониста мешавад.
Ҳамасола бо назардошти ин, ки Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар ҷашнгоҳҳо намоишгоҳи анвои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ, фурӯши ҳосили кишоварзӣ, густурдани дастархони "Меҳргонӣ" бо меваю сабзавотҳои ҳосили бадастоварда, консерваю оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузашта шуда, базму тамошоҳо барпо мегардад, баромади гурӯҳҳои фолклорӣ, рақсу таронаҳо, дар макотибу донишгоҳҳо низ маҳфилҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд.
Бояд дар хотир дошт, ки ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса инъикос менамояд.
Зафарҷон САФАРАЛИЕВ,
омӯзгори Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...