Терроризм - вабои аср
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 133
![]()
Терроризм имрӯз сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Мақсади ташкили нооромиҳо дигар кардани сохти конститутсионии кишвар, истифодаи сарватҳои табиӣ ва зеризаминӣ ба фоидаи хеш мебошад. Ин аст, ки дар қатори дигар проблемаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Мафҳуми терроризм калимаи лотинӣ буда, «тарс», «таҳлука», «воҳима»-ро ифода мекунад, ташкилот, гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида онро барои амалӣ кардани ҳадафҳояшон ба кор мебаранд.
Мутаассифона, имрӯз гурӯҳе аз ҷавонони ғофилу гумроҳ ва бехабар аз дину оини милливу мазҳабӣ, ки аз асолати дини мубини ислом огаҳӣ надоранд, ба доми созмонҳои террористӣ афтода, бо сипар кардани номи ислом алайҳи бародарону хоҳарон ва ҳамватанону ҳаммазҳабони худ теғ мекашанд ва бо усулҳои даҳшатбори гӯшношунид инсонҳои бегуноҳро қатл мекунанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо оид ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро вазифаи меҳварии худ қарор дода, таъмини амнияти миллӣ ва ҷаҳониро бо тамоми кишварҳои олам масъалагузорӣ мекунад.
Новобаста аз он, ки кишварҳои мухталиф нисбат ба ин ду зуҳурот чӣ гуна мавқеъ доранд ва ё моҳияти сиёсати расмии кишварҳои мухталиф нисбат ба онҳо чӣ гуна аст, ҷомеаи ҷаҳонӣ як эътиқоди муштарак дорад, ки ин мушкилот бояд зудтар ва ба таври муассир ҳал карда шаванд. Дар ин замина пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» пешиниҳоди ниҳоят пазируфтанӣ ва саривақтӣ буда, итминон дорем, ки барои гирифтани пеши роҳи терроризму экстремизм мусоидат хоҳад кард.
Мо дар якҷоягӣ метавонем дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ниҳоди насли наврас ва ҷавонон ҷо намудани ҳисси ватандӯстию ватанпарастиро ҷо намоем.
Аз ҷониби ташкилоти байналмилалии Gallup тадқиқот миёни 142 давлат гузаронида шуда, аз миёни онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи 2-юмро ҳамчун давлати амнтарин соҳиб гардид, ки ин боиси ифтихори мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Раҳмон САИДЗОДА,
вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
30-05-2024, 12:09
Муҳтарам олимону донишмандон!Ҳозирини гиромӣ!...