Рушди таълим ва фанновариҳои муосир
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 1
![]()
Дар муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” сифати таълим дар сатҳи баланди муосир буда, бо истифодаи технологияҳои нави таълимӣ ва ҳамкории судманд бо муассисаҳои тиббии вилоят ва ҷумҳурӣ, ба тайёр намудани мутахассисони ҷавон ва масъулиятшинос равона гардидааст. Мо тасмим гирифтем бо директори он Назарзода Ҷумъахон Шамс дар ин хусус суҳбате анҷом диҳем.
-Устод, нахуст доир ба фаъолияти имрӯзаи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” чанд сухан мегуфтед.
-Воқеан, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб барои муассисаҳои таълимӣ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” низ бо хушнудӣ ва масъулиятшиносӣ истиқбол аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоянд ва талош меварзанд, ки ба боварию эътимоди Президенти кишвар сазовор бошанд.
Муассисаи мо барои тайёр намудани матахассисони миёнаи тиббӣ барои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон солҳои зиёд хизмат намуда истодааст.
-Донишҷӯён дар кадом муассисаҳои тандурустӣ таҷриба мегузаранд ва самаранокии он чӣ гуна таъмин мегардад?
-Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб бо тамоми муассисаҳои тиббии вилоят ҳамкории хуб дошта, донишҷӯён аз беморхонаҳои гуногуни вилоят, аз ҷумла Беморхонаи клиникавии вилояти Хатлон, Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоят, Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо, беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо мунтазам боздид карда, бо рафти ташхис ва табобати беморон, тарзи муносибат бо бемор, раванди табобат, доругузаронӣ, коргузорӣ мустақиман ошно мешаванд.
Коллеҷ бо 37муассисаи тандурустии шаҳрӣ ва вилоятии воқеъ дар шаҳри Кӯлоб шартномаҳои дуҷониба баста, ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки донишҷӯён мунтазам дар он ҷо ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Ҳамзамон, донишҷӯёни курсҳои болоӣ дар муассисаҳои тиббии вилоят зери роҳбарии табибони соҳибтаҷриба ва ҳамширагони шафқат таҷрибаомӯзӣ намуда, нозукиҳои касбро аз худ менамоянд.
-Шароити техникию технологӣ дар муассиса чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
-Муассисаи мо дар солҳои охир ба таҷҳизонидани базаи моддӣ-техникӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудааст. Маркази таълимии мо бо кабинетҳои симулятсионӣ, лабораторияҳои муҷаҳҳази фаннӣ, моделҳои анатомӣ ва таҷҳизоти замонавии ташхисӣ таъмин гардидааст. Барои фанҳои амалӣ, синфхонаҳои алоҳида бо таҷҳизоти интерактивӣ ва таҷҳизоти тиббии воқеӣ ташкил карда шудаанд, ки ба донишҷӯён имкон медиҳанд малакаҳои амалию касбии худро дар шароити наздик ба воқеият инкишоф диҳанд.
Аз ҷумла, дар муассиса беш аз 210 компютер, 22 проектор, 14 тахтаи электронӣ мавҷуд аст. Ҳамчунин, кабинетҳои компютерӣ, ташхисгоҳҳои таълимӣ-лабораторӣ, маркази таълимӣ-истеҳсолии фарматсия, маркази стоматология бо устохонаи дандонсозӣ ва маркази малакаҳои амалии ҳамширагӣ фаъоланд. Ин воситаҳо барои дарсҳои амалӣ ва методҳои таълимӣ, ки ба иштироки фаъол ва истифодаи технологияҳо такя мекунанд, истифода мегарданд. Маълум аст, ки воситаҳои электронии таълим (тахтаҳои электронӣ, компютерҳо) дар дарсҳои лексионӣ ва амалии донишҷӯён васеъ истифода мешаванд, ки ин як далели қавӣ аст, ки муассиса ба стандартҳои муосир наздик шудааст.
-Сифати таҳсил дар муассиса то чӣ андоза Шуморо қаноатманд карда метавонад?
-Солҳои охир сифати таҳсил дар муассисаи мо ба таври назаррас беҳтар шудааст. Ин натиҷаи ислоҳоти ҷиддӣ дар низоми таълим, ҷорӣ кардани стандартҳои нав, таҳияи барномаҳои таълимии модулӣ ва истифодаи методикаҳои фаъоли таълим мебошад. Мо натиҷаҳои хубро дар санҷишҳои ҷамъбастӣ, рейтинги миллӣ ва баромади хатмкунандагон ба бозори меҳнат мушоҳида менамоем.
Ҳамчунин таълиму тарбияро бо арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва касбии табиб пайваст менамоем, ки ин ба ташаккули шахсият ва масъулияти донишҷӯён кумак мерасонад. Бештари хатмкунандагони мо имрӯз дар муассисаҳои пешрафтаи тиббии дохил ва хориҷи кишвар кор мекунанд ва таъсири мусбат ба сифати таълим медиҳанд.
Дар муассиса 22 кафедра фаъолият мекунад, ки самтҳои гуногунро фаро мегиранд: аз анатомия ва физиология, терапия то фармакология, забонҳои хориҷӣ ва ғайра.
-Дар интихоби кадрҳо ва рушди омӯзгорон чӣ корҳо анҷом дода шудаанд ва чӣ нақшаҳо доред?
-Мо ният дорем, ки омӯзгорони ҷавону боистеъ-додро ҷалб намоем. Дар айни замон 146 омӯзгори муассисаро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳамчунин, 54 омӯзгор дараҷаи тахассусии олӣ, 25 омӯзгор дараҷаи якум, 52 омӯзгор дараҷаи дуюм доранд.
Дар оянда маъмурияти коллеҷ нақша дорад, ки такми-ли ихтисоси омӯзгоронро дар дохил ва хориҷи кишвар вусъат диҳад, ҳамзамон ҷорӣ намудани методикаҳои нави таълим ва технологияи рақамӣ ва исти-фодаи таҷҳизотҳои замонавии таълимиро зиёд кунад.
-Фаъолияти илмӣ-методии омӯзгорони муассиса дар кадом сатҳ қарор дорад?
-Фаъолияти илмӣ-методӣ дар коллеҷ хуб ба роҳ монда шудааст. Омӯзгорон дастурҳои таълимӣ-методиро таҳия мекунанд, таҷрибаи пешқадами устодони соҳибтаҷрибаву таҷ-рибаомӯзон мавриди омӯзиш қарор мегирад. Танҳо дар 6- моҳаи аввали соли 2025-ум 78 мақолаи илмӣ, методӣ ва таълимию тарбиявии омӯзгорон чоп шудаанд.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2025-ум 10 конференсияи илмӣ-назариявӣ, 5 мизи мудаввар, 4 озмуни фаннӣ, 15 дарси кушоди намунавӣ аз тарафи омӯзгорон баргузор шудаанд. Ин фаъолиятҳо на танҳо рушди илмии омӯзгоронро таъмин мекунанд, балки донишҷӯёнро низ ба фаъолияти таҳқиқотӣ ва малакаҳои илмию коммуникатсионӣ омода месозанд.
- Дар оянда барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таҳсил ва рушди муассиса чӣ нақшаҳо доред?
-Пеш аз ҳама, бояд бинои хобгоҳи нав барои 700 нафар, ки аз 9 ошёна иборат мебошад, пурра сохта ба истифода диҳем. Ин ба фарогирии бештари донишҷӯён, махсусан аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст мусоидат хоҳад кард. Дар баробари ин ҳадафҳо аз пурзӯр намудани заминаҳои таҷрибаомӯзӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои тандурустии шаҳру вилоят, таъмин намудани кафедраҳо ва лабораторияҳо бо аёниятҳои муосир ва реактивҳо, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва электронӣ дар омӯзиш, баланд бардоштани сифати методика ва истифодаи таҷрибаҳои байналмилалӣ иборатанд. Дар солҳои наздик бунёди биноҳои нави таълимӣ, марказҳои тадқиқотӣ ва лабораторияҳои муосири илмӣ дар назар аст. Дар самти байналмилалигардонии таҳсил ният дорем, ки бо донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ бандем. Ин ба донишҷӯён ва устодон имконияти иштирок дар барномаҳои табодули академӣ ва таҳсили дуҷонибаро фароҳам хоҳад овард. Ҳадафи мо расидан ба сатҳи донишгоҳҳои тиббии пешрафтаи ҷумҳурӣ мебошад.
-Барои амалӣ гаштани онҳо ба Шумо комёбиҳо хоҳонем.
-Ташаккур!
Суҳбаторо
А. АБДУЛМАҶИД,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...