УСТОДИ СУХАН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 октябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 202
![]()
ШАРҲИ ҲОЛ:
Исматулло Ҳасанов (Исматуллои Гули Олим) 18 октябри соли 1955 дар деҳаи Гулободи деҳоти Арал, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбишев) чашм ба дунё кушодааст. Мактаби миёнаро соли 1972, Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Шевченко (ҳозира ба номи Садриддин Айнӣ)-ро хатм намудааст. Солҳои 1977-1982 омӯзгори мактаб шуда кор кард. Оғоз аз соли 1985 ба кори матбуот пайваст. Дар рӯзномаи ноҳиявии “Ба пеш” (ҳозира “Баҳористон”), телевизиони вилоятӣ, рӯзномаи вилоятии “Хатлон” фаъолият кардааст. Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон, аз соли 1984 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.
Ин собиқадори матбуот дар мақоми котиби масъули рӯзномаи “Хатлон” солҳои зиёд бо масъулият ба кори ҳампешаҳо муносибат намуда, барои таҳкими маърифати ҷомеа ва боло бурдани мавқеи матбуоти маҳаллӣ талоши зиёд варзидааст.
Мо - аҳли эҷоди рӯзномаи вилоятии “Хатлон” бо баҳонаи шодбошии 70-умин баҳори умр барои саҳми бебаҳои Исматулло Ҳасанов дар рушди матбуоти даврӣ, махсусан рӯзноманигории вилояти Хатлон, тарбияи мутахассисони ҷавон, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ миннатдорӣ баён менамоем.
Ба мо одат шудааст, ки агар дар бораи нафаре навиштанӣ шавем, ҳатман суханро аз вазифа, унвону мукофотҳо сар мекунем. Ба қавле, ин ашхос шоистаи таъриф аст. Дар байни одамони беунвону мукофот касоне низ ҳастанд, ки соҳиби қалби бузурганд, якумр бо меҳнати ҳалол нон мехӯранду ном ёфтаанд. Собиқадори матбуоти тоҷик Исматулло Ҳасанов аз ҳамин қабил инсонҳост. Унвони ӯ қалами тезу сухани буррою созанда аст. Ӯ рӯзноманигор буда, пайваста эҷод мекунад.
...Дар яке аз рӯзҳои зимистони соли 1985 ӯ ба идораи рӯзномаи ноҳиявии “Ба пеш” омад. Дари утоқи муҳаррирро тақ-тақ зада, вориди он шуд. Муҳаррир паси мизи корӣ машғули таҳрири хабару мақолаҳо барои шумораи навбатӣ буд.
-Муаллим, ман барои кор омадам,- забон хонда гуфт ҷавон ва афзуд:- Хат-мкардаи донишгоҳам ва омӯзгор шуда кор мекунам, акнун мехоҳам рӯзноманигор бошам.
-Хуб, ки маълумоти олӣ дорӣ, омӯзгор ҳам ҳастӣ. Ҳамаи ин, албатта, хуб аст. Вале кори рӯзноманигорӣ осон нест. Дар ин соҳа баробари одами хуб будан, боз қалами хуб доштан лозим аст. Эҷод мекунӣ, пайваста эҷод мекунӣ, ҳам дар идораю ҳам дар хона, сари дастурхону кӯча мавзуеро дар сар мепазонӣ. Рӯзноманигор ҳанӯз ба идора омада, нишаста рафтан нест. Бояд қаламат маҳсуле диҳад, пас ту ба ин касб соҳиб шуда метавонӣ, - фаҳмонд муҳаррир ва суханашро идома дод: - Майлаш, ба вазифаи ходими шуъбаи адабӣ ба кор мегирам. Умед дорем, ки журналисти хуб мешавӣ.
Исматулло аз назди муҳаррир бо дили шод берун шуд. Ӯ ҳанӯз намедонист, ки ин даргоҳ хонаи дуюмаш мешаваду рӯзе худи вай ба вазифаи муҳаррирӣ таъин мегардад...
Солҳо гузаштанд. Исматулло таҷрибаи корӣ меомӯхт, қаламашро такмил медод, рӯйи варақи сафед сухани тозае менавишт, аз зинаҳои поён оҳиста-оҳиста боло мерафт. Ҳамин тавр, замоне расид, ки дигарон ӯро “устод” мегуфтагӣ шуданд. Фаъолияти рӯзноманигориаш дар рӯзномаи “Хатлон”, телевизиони Хатлон босамар буданд.
Устод бо пурсамарӣ, кори покизаю андешаҳои нав, рафтору гуфтори нек, фазилатҳои ҳамидаи инсонӣ сазовори эҳтироми умум, шогирдону хонандагон гардид.
Ҳамаи фарзандони Исматулло Ҳасанов соҳибмаълумот буда, аз бойигариҳои маънавии тамаддуни имрӯза бохабаранд. Ӯ ои-лаи хушбахт дорад.
Хушбахтии бузург аст, ки дар умри бобаракат инсон дар байни фарзандон, ҳамкасбон, ҳамдиёрон обрӯю эътибор ва эҳтироми зиёд дошта бошад. Ӯро на барои худнамоии сохтаю бофтаи сунъӣ, балки бо ихлосу самимият ҳурмату эҳтиром менамоянд, номашро бо некӣ вирди забон мегиранд.
Исматулло дар баробари сухани неку қалами буррою сеҳрнокаш, инчунин маҳфилорову зарофатгӯ мебошад. Дар тақвияти ин суханҳо чанд лаҳзаи шӯхиҳои устодро пешкаши хонандагони каломаш мегардорем.
...Вақти нисфирӯзӣ чанд нафар кормандони рӯзномаи “Хатлон”, аз ҷумла Сайдалӣ Бобохонов, Ҳусейнҷон Маликов, Исматулло Ҳасанов ва муаллифи ин сатрҳо барои хӯрокхӯрӣ ба ошхона рафтанд. Ҳама таоми дӯстдоштаашон борш фармуданд. Пешхизмат хӯрок ва як коса чака низ овард. Исматуллою ман ба косаи хӯрокамон як қошуқӣ чака андохтем. Сипас, косаро дар назди Ҳусейнҷон гузоштем. Ӯ аз рӯи эҳтиром чакаро назди устод Сайдалӣ (ӯро ҳамагон “Ака” ном мебурданд) гузошт.
Ака ба косааш як қошуқ чака андохта, бо борш омехта кард. Боз ба коса як қошуқи дигар андохт. Ҳамин тавр, ба борш чор қошуқ чака андохта, қошуқро боз ба тарафи косаи чака бурданӣ шуд.
Ҳусейнҷон дид, ки барои ӯ чака намемонад, ба Ака рӯ оварда гуфт:
-Ака, беҳуда худро азоб надиҳед. Осонаш косаи боршро ба косаи чака резед, ман...
-Ҳусейнҷон чака намехӯрад, ӯро туруш мекунад, - гӯён ба ин баҳс ҳамроҳ шуд Исматулло...
Боз як лаҳзаи хандаовар ба ёдам расид. Исматулло маводи навиштаашро ба яке аз коргарон (барои гирифтани андешаи ӯ) супорида, ба ҳолу аҳволпурсӣ гузашт. Саломатии завҷаашро пурсон шуд.
-Саломатии занак хуб нест. Ду рӯз боз зуком азобаш медиҳад.
Исматулло ба ӯ 10 сӯм (асъори давраи Шуравӣ) дода, таъкид кард, ки онро ба янга диҳад.
-Ин хеле кам, боз ягон сӯми дигар илова мекардӣ,- гуфт ҳамкораш.
-Ман ба хотири янга 10 сӯм до-даам, ки дору гирад. Агар барои худат мепурсидӣ, чун ҳамешагӣ, 3 сӯм медодам,- фаҳмонд Исматулло.
-Э, вой-е! Агар ин ниятро мефаҳмидам, мегуфтам, ки занак мурдааст, пули бештар медодӣ,- даст ба пешонӣ бурда гуфт ҳамкорамон.
Чунин шӯхиҳо дорад Исматулло. Аз ин рӯ, ҳамкорон фориғ аз кор назди Исматулло ҷамъ шуда, аз хушгӯиҳои ӯ ҳаловат мебаранд...
Ҳарчанд устод Исматулло Ҳасанов дар нафақа бошад ҳам, зуд-зуд ба идораи “Хатлон” - хонаи дуюми худ омада, маводҳои тозаэҷодашро меорад. Кулбораш доимо пур аз латифаи наву шакарин буда, хотири моро бо шӯхиҳояш болидаруҳ мегардонад.
Ҳамеша зиндаву саломат бошед, устод Исматуллои Гули Олим.
Сатттор ҚАРАХОНОВ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...