Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
![]()
Бо ворид шудани технологияҳои нав, аз ҷумла скутер ва самокатҳои барқӣ, ба
ҳаёти ҳаррӯзаи сокинони кишвар як навъи нақлиёти сабук, экологӣ ва
дастраси шахсӣ рӯ ба рушд ниҳод. Аммо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон
истифодаи бесарусомон, бемақом ва беназоратии онҳо масъалаи ҷиддие
шудааст, ки на танҳо тартиботи шаҳрнишиниро халалдор мекунан, балки
амнияти пиёдагардон ва худи ронандагони нақлиётро зери хатар мегузоранд.
Рондани чунин воситаҳо бахусус аз ҷониби кӯдакон ва наврасон боиси зиёдшавии садамаю ҷароҳатҳои вазнин мегардад. Аз ин рӯ, манъи рондани скутер ва самокатҳои барқӣ барои кӯдакон яке аз чораҳои муҳим барои ҳифзи саломатӣ ба ҳисоб меравад.
Дар бисёр маврид мушоҳида мегардад, ки скутерҳо аз ҷониби кӯдакон идора карда мешавад. Онҳо аз сабаби малакаи пасти идора ва набудани таҷрибаи зарурӣ бештар дар садамаҳо қарор мегиранд. Ҷароҳатҳои ҷиддӣ, аз ҷумла шикасту зарбаҳои мағзӣ метавонад оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад.
МАНЪИ ИСТИФОДАИ “СКУТЕР” ВА “САМОКАТ”-ҲОИ БАРҚӢ
Бо мақсади ҳифзи саломатии кӯдакон ва коҳиши хатарҳои роҳу нақлиётӣ дар роҳҳои мошингард ва пиёдагарди шаҳри Душанбе рондани “самокат”-у “скутер”-ҳои барқӣ ва дигар воситаҳои сайёри инфиродӣ, ки қайди давлатӣ надоранд, то соли 2030-юм манъ карда шуд. Дар ин бора қарори вакилони шаҳри Душанбе қабул гардидааст. Ин тадбир барои паст кардани шумори садамаҳо ва ҳифзи ҳаёт ва саломатии наврасон муҳим ва саривақтӣ аст. Файзулло Муродов, сокини шаҳри Бохтар, бар ин назар аст, ки манъи рондани скутер ва самокатҳои барқӣ барои кӯдакон натанҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Хатлон муҳим ва зарурӣ мебошад.
- Ҳамарӯза бо чашми сар мебинем, ки наврасону кӯдакон дар роҳҳои асосии мошингузар, ҳамзамон пиёдагардон бо “скутер”-ҳои шахсӣ бо суръати кайҳонӣ морпеч равонанд. Оид ба бехатарӣ ва қоидаҳои роҳ умуман аҳамият намедиҳанд, аз чапу рости роҳгузар ва ба самти муқобили нақлиёт ҳаракат мекунанд. Кӯдакон ва наврасон наметавонанд дар ҳолатҳои фаврӣ дуруст амал кунанд ва ҳангоми рондан эҳтиёткор бошанд, - афзуд Ф. Муродов.
Бино ба андешаи Фирдавс Ашӯриён, ронандаи самти Бохтар-Кӯшониён, яке аз сабабҳои асосии рух додани садамаҳо, пеш аз ҳама, аз беэҳтиётӣ, риоя накардани талаботи қоидаҳои ҳаракати роҳ, ҳаракат бо суръати баланд, баромадан ба самти муқобил ва идора намудани скутер аз ҷониби наврасону ноболиғон мебошад. Ҳар рӯз мебинам, ки кӯдакони 10-12- сола бо скутерҳо гашта, дар роҳи пур аз мошину байни одамон ҳаракат мекунанд.
МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДОН КУҶОСТ?
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳудуди роҳҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар вазъи содиршавии роҳу нақлиёт ташвишовар боқӣ мемонад. Бештари ҳолати тамбашавию садаманокии роҳу нақлиёт бо сабаби надонистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти скутер, мототсикл, мотороллер, худравонакҳои барқӣ ва амсоли онҳо мебошад, ки бо гузашти вақт ва афзун шудани ин гуна воситаҳои нақлиёт вазъият мураккаб мегардад. Боиси ташвиш аст, ки бархе аз волидон бемасъулиятӣ наму-даву бо харидории ин гуна воситаҳои ду ва сечарха мехоҳанд фарзандони ноболиғашонро хушҳол созанд. Ғофил аз он мемонанд, ки дар пасманзари ин амалашон, мутаассифона, рух додани садамаҳои роҳу нақлиёт низ кам нест. Бисёр ба назар мерасад, ки бачаи 10-15-солаи скутерсавор боз дар қафояш модар ё зани калонсолро шинонида, дар роҳу байни мошинҳо морпеч ҳаракат мекунанд.
АМАЛИЁТИ "СКУТЕР" ДАР БОХТАР
Вобаста ба масъалаи баррасишаванда аз ҷониби кормандони шуъбачаи Бозрасии давлатии автомобилии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар зимни баргузории амалиёти "Скутер" дар доираи нақшаи чорабинии мақсаднокашон давоми 10 шабонарӯз 1146 ҳолати қоидавайронкунии ронандагонро ошкор сохтанд, ки бештари ронандагони воситаҳои нақлиёти ду ва сечарха ҳолатро мураккаб гардонидаанд. Вазъи садаманокӣ ва фоҷиаҳои ногаҳонӣ давоми 6 моҳи соли 2025 дар ҳудуди Хатлон 131 нафар ҳалокшудагон ва 212 нафар маҷрӯҳшудагон ба қайд гирифта шуд. Дар ро-бита ба ин, аз волидони ноболиғон хостаанд, ки аз истифодаи “самокат”-у “скутер”-ҳои барқӣ худдорӣ намоянд.
БОЯД ДОНИСТ
Акнун соҳибони скутерҳо низ ҳатман бояд рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ гиранд. Ронандагони бидуни ҳуҷҷат ва сабти ном ба-рои риоя накардани қоидаҳо мутобиқи моддаи 310-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз 74 то 150 сомонӣ ҷарима мешаванд.
Ҳангоми санҷиш ронандагони скутер бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:
- шаҳодатномаи ронандагӣ;
- шаҳодатномаи сабти ном;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият;
- санади суғуртаи ҳатмии шаҳрвандии нақлиёт.
Бар иловаи рақами давлатӣ, ҳамчунин соҳибони скутерҳо вазифадор шудаанд, ки шаҳодатномаи бақайдгирӣ (техпаспорт) ва ҳуҷҷат барои нобудсозии нақлиёт гиранд. Арзиши шаҳодатномаи бақайдгирӣ (техпаспорт)-и скутерҳо 280 сомонӣ, маблағи рақами қайди давлатӣ 270-280 сомонӣ муайян шуда, инчунин, барои нобуд сохтан (утилизатсия)-и нақлиёти мазкур 360 сомонии дигар мепардозанд.
Дар чанд соли охир фаъолияти колорасонӣ дар Тоҷикистон ба таври назаррас рушд кардаву чандин ширкатҳо фаъол гардиданд ва аксари онҳо бо скутеру мопедҳо хидматрасонӣ мекунанд.
Р.S. Чанд сол қабл дар роҳҳои нақлиётӣ «Тангем»-ҳо пайдо шуда буданд, нимшӯхию нимҷиддӣ мегуфтанд: “Тангем ногаҳонӣ мебарояд”. Бале, қаблан мо аз “Тангем” метарсидем, ҳоло аз “скутер”-у “самакатҳои барқӣ” бим мебарем, зеро ҳамаи онҳо, яке аз пешу дигаре аз паҳлу гузашта, касро метарсонданд.
Пас, масъулонро мебояд, ки аз пайи ҳалли ин масъалаи ҷиддии рӯз шаванд. “Пешгирии фалокат пеш аз вуқуъ”, мегӯянд, аз ин рӯ, дар ин кор набояд таъхир кард. Дар ин маврид шояд вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон низ барои манъи ис-тифодаи “скутер”-у “самокат”-ҳои барқӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иқдом мекунанд?
Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.
