Шоми Дӯстӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 18
![]()
Шоми рӯзи 9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори роҳбарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишҳои Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бӯстонсарои шаҳрии ҳукуматӣ зиёфати ғайрирасмӣ оростанд, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили шоми дӯстӣ табдил ёфт.
Сайругашти шомгоҳӣ дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт. Меҳмонони олимақом аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистон ҳаловат бурда, аз намоишгоҳи неъматҳои табиии диёри биҳиштосои мо боздид намуданд.
Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон дар мавзеи зебою назаррабои Бӯстонсарои ҳукуматӣ ташкил карда шуда, дар роҳравҳои алоҳидаи он ҳар як намуд маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун гузошта шуда буд.
Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди сабзавоту полезиҳо, меваҳои аз лиҳози таъму сифат беҳамто, ба мисли ангур, себ, ноку анҷир, хушкмеваҳои босифат, аз қабили чормағзу бодом, мавизу писта ва меваҳои ситрусӣ ба маъраз гузошта шуда буд.
Меҳмонони олиқадр ба ҳар як маҳсулот ва намудҳои гуногуни таомҳои миллии мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Сарони давлатҳо аз меҳмоннавозии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...