Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Моҳи саховат ва файзу баракат


Моҳи саховат ва файзу баракат




Моҳи шарифи Рамазон яке моҳҳои саховат ва файзу баракат маҳсуб ёфта, барои тоза кардани гуноҳҳои кабираю сағира восита мешавад. Вожаи “рамазон” дар фарҳанг ба маънои “тоза кардан” омадааст. Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо донишманди дин аз шаҳри Бохтар Ёқуб Собиров суҳбат оростем.


 - Лутфан мегуфтед, ки моҳи шарифи Рамазон кадом фазилатҳоро доро мебошад?


- Яке аз панҷ аркони дини мубини ислом рӯзадорӣ мебошад. Фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон хело зиёд ҳастанд. Рамазон маънои онро надорад, ки аз субҳи содиқ то намози шом гурусна бигардем ва парҳез аз хӯрдану нӯшидан кунем. Ин рӯза буда наметавонад. Инсони рӯзадор ҳамоне аст, ки дар моҳи шарифи рамазон аз дурӯғ, туҳмат, ғайбат, фаҳш, фиребгарӣ, таҳқиру дашном парҳез мекунад. Даҳаи аввали моҳи рамазон раҳмат, даҳаи дуюм махфират ва даҳаи сеюм озодӣ аз оташи дӯзах аст.


- Савоби кори хайр дар моҳи шарифи рамазон чӣ андоза аст?


- Як амали солеҳ, ки дар дигар моҳҳо то 10 дараҷа савоб медиҳад, агар дар моҳи шарифи рамазон онро анҷом бидиҳанд, аз 700 то 1000 дараҷа аҷру савоб дорад. Ҳамчунин, дар моҳи шарифи рамазон ба як нафар дасти ёрӣ дароз кардан, шахсеро ба роҳи рост ҳидоят намудан, як нафарро хурсанд кардан дар назди Худованд аҷри баланд дорад. Инчунин, дар моҳи шарифи рамазон як шабе ҳаст, ки онро шаби Қадр мегӯянд. Нафаре, ки дар ин шаб тоату ибодат мекунад, савобаш баробар ба 1000 моҳ ҳисобида мешавад.


- Закот ба чӣ гуна шахсон дода мешавад?


- Закот, ки қисми муайяни молӣ мебошад, ба шахсони эҳтиёҷманд дода мешавад. Имрӯз аксарият ҳисоби закоти худро барои таъмири роҳ, масҷид, сохтани ягон бино ва амсоли инҳо медиҳанд. Закот ҳамчунин ҳаққи ҳалоли ашхоси эҳтиёҷманд, аз қабили камбағал, ятим, бевазан, донишҷӯ, бемор ва умуман табақаи ниёзманд аст. Шахси доранда 2,5%-и даромади яксолаи худро ҳамчун закот бояд ба ягон шахси эҳтиёҷманд ҷудо кунад.


- Рӯза гирифтан аз нигоҳи динӣ ба кадом ашхос воҷиб аст? Яъне ҳастанд нафароне, ки аз рӯза гирифтан озод бошанд?


- Барои ашхосе, ки дар моҳи шарифи рамазон бо сабабҳои муайян рӯза гирифта наметавонанд, Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори фидя таъйин намудааст. Андозаи фидяи таъйиншуда ба миқдори 14 сомонӣ буда, дар як моҳ 420 сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағ низ ба шахсони нодору бемор, умуман эҳтиёҷмандон дода мешавад.


Ҳамин тариқ, моҳи шарифи рамазон яке аз моҳҳои тозашавии инсон мебошад. Ҳамчунин, дар ин моҳи муборак дарҳои дӯзах баста шуда, дарҳои ҷаннат кушода мешаванд. Бикӯшед, то дар ин моҳи муборак аз фазилатҳои он истифода баред ва дур аз гуноҳу фасод бошед.


Моҳи шарифи рамазон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода