Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 март, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 442
Наврӯз! Дар байни дигар ҷашнҳои миллии мо Наврӯз шуҳрати хосае дошта, онро тамоми аҳолии кишвар бо хушнудӣ ва рӯҳбаландӣ истиқбол мегиранд. Наврӯз ҷашни қадимаи мардуми мост, ки онро дар ҳар хонадон ва тамоми кишвар ҳамчун ҷавонии табиат,
омади баҳори фархундапай истиқбол мегиранд.
Дар ин айём табиат зинда мешавад, пероҳани сабз ба бар мекунад. Мошини мусофирбар ҷониби пойтахт ҳаракат мекард, роҳи мошингард аз байни талу теппаҳои сабзпӯш мегузарад. Мусофирон аз тамошои табиати афсункор лаззат мебурданд.
-Ана бинед, хирмани гулҳои наврӯзӣ! - садо кард, ҷавоне.
-Дар домани кӯҳтеппа гулҳои сияҳгӯш рӯйидааст, ба суҳбат ҳамроҳ шуд ҳамсафари ӯ - Биёед, як дастаи гул чида, ба бибиамон мебарем, аз ин туҳфаи баҳорӣ хурсанд мешавад.
-Мебарем! - бо шодмонӣ посух дод ҷавони аввала.
Ҳаёти наврасию ҷавонӣ аҷаб зебою рангин аст. Кӯдакону наврасон ҳам ба мисли калонсолон ҷавонии ҷаҳон - баҳори фархундапайро дӯст дошта, ба дашту даман, кӯҳу чаман баромада, барои туҳфа кардан ба модару наздикони худ аз гулҳои рангоранг гулдастаҳо месозанд. Аз замонҳои қадим то рӯзҳои мо ҷашни Наврӯз мерос мондааст. Наврӯз муждаи арӯси сол - баҳори хуррам аст. Наврӯз хоси тоҷикон буда, шукӯҳ ва шаҳомати худро дорад ва басо бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Мо - тоҷикон, ифтихор дорем, ки Наврӯз ба шарофати дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ шуд. Тоҷикон ин рӯзи муборакро бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш истиқбол мегиранд.
Дар кишвари мо Наврӯз ҷашни миллист, мардуми кишвар ин ҷашни фирӯзро ҳамасола бесаброна интизорӣ мекашанд.
Таърихан Наврӯз ба номи шоҳ Ҷамшед алоқаманд буда, дар асарҳои илмию таърихӣ ва адабӣ омадааст, ки бунёдгузори ин ҷашни фархунда шоҳ Ҷамшед аст. Дар ин боб Фирдавсӣ фармудааст:
Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯй,
Аз он баршуда фарраи бахти ӯй.
Ба Ҷамшед-ба гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.
Имрӯз Наврӯзро мардуми Эрон, Афғонистон, Покистон, қисме аз мардуми Ҳиндустон, Чин, кишварҳои Осиёи Марказӣ шукӯҳмандона ҷашн мегиранд.
Деҳқонон нахустин шуда Наврӯзро истиқбол гирифта, ба кишту кор машғул мешаванд.
Баҳор омад, баҳор омад,
Гули савсан қатор омад.
Ба деҳқон вақти кор омад,
Баҳори лолазор омад.
Бузургии Наврӯз ҳам дар он аст, ки ин ид дар оғӯши табиат, рӯи сабзаю себарга доир мегардад. Аз пагоҳии барвақт одамон ба гӯшаи деҳа ҷамъ омада, дар ҳавои кушод, дар ҳавлӣ дег монда, яке шӯрбову оши палов, дигаре угрою мастова, далдаю оши бурида омода месозанд. Имрӯз ҳама шоду фараҳманданд. Чашмаҳои софу беғубори ошиқӣ аз ҳамин ҷашн ҷӯш зада, дилҳои ҷавононро ба хурӯш меоваранд.
Баҳор муъҷизаҳои худро дорад. Хирмани гулҳои сабз, сурх, зард, гулобӣ, бунафша, ҷигарӣ ва ғайра бо ҳам омехта, тобишҳои гуногун пайдо карда, ҳусну тароват мебахшанд. Насими форами баҳорӣ ба тану ҷони кас роҳат мебахшанд. Баҳор ба вилояти Хатлон ҳусни тоза бахшида, табиат либоси сабз оростааст. Талу теппаҳо ва кӯҳистони диёрро гулҳои сурху зарду рангоранг ҳусни тоза бахшидааст.
Фасли Наврӯз бештар бо кӯдакон хуш аст. Онҳо ин рӯзи фирӯзро бесаброна интизор мешаванд. Абдураҳим Писандии Самарқандӣ Наврӯзи хуҷастапайро чунин васф намудааст:
Фасли Наврӯзу навбаҳор омад,
Мавсими сайри лолазор омад.
Кӯдакони асири мактабро,
Шоҳиди айш дар канор омад.
Одатан, рӯзи ид дар гузашта падарон, устодон, омӯзгорон фарзандони худро дастгирӣ карда, бо ин иди фархунда чунин табрик менамуданд:
Наврӯзатон пирӯз бод,
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Б. Сайдалиев
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...