Наврӯз дар Ишкошим
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 март, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 441
Бо шарофати соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон дар сарзамини бостонии мо-Тоҷикистон ҷашну маросимҳои қадим эҳё гардида, аз баракати онҳо дӯстию рафоқати байни мардум торафт мустаҳкам мегардад.
Дар яке аз суханронии хеш бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид доштанд: “Бузургдошти Наврӯз, умуман бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст”. Ҳамин тавр, дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз бо як шукӯҳу шаҳомат ва ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати ҷашни Наврӯз ҳар сол дар мамлакат тадбирҳои зиёде андешида мешаванд. Барои сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашн сокинони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон тайёрӣ мебинанд. Пеш аз ҳама, хонаҳои худро тоза, деворҳоро сафед менамоянд, гандум сабзонида ва аз он суманак мепазанд.
Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Дар ин ҷашни баҳорӣ мардум хонаву ҳавлии худро тоза карда, ба истиқболи Наврӯзи хуҷастапай омода мешаванд. Суннатҳои наврӯзӣ дар ноҳия ин аст, ки он аз ҳафт сину ҳафт шин иборат аст.
Мардони ноҳияи Ишкошим пеш аз идгардаки Наврӯзӣ аз навдаҳои наврустаи баҳорӣ шохчаҳои ғафсиаш ба андозаи буғумро шикаста, онро қабат ба қабат мебуранд, то ин ки он шакли арчаро гирад. Сипас, онро дар назди дар мегузоранд ва меҳмонони идгардакомада онро ба даст гирифта, ба фарши хона сахт зада, “Лос, лос, шогун баҳор муборак!” - гӯён вориди хона мешаванд ва мизбон дар даст шириниву орд гирифта, ба китфи меҳмонон мепошад. “Ба рӯйи Шумо ҳам муборак!” гӯён ҷавоб медиҳад. Баъди маросими идгардак дар майдони Наврӯзӣ ҷамъ шуда, бозиҳои варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ барпо мекунанд. Бозиҳои бандкашӣ, шоҳмотбозӣ, волейбол, хурӯс- ҷанг, гӯштигириро ба мисли дигар минтақаҳои Тоҷикистон доир мекунанд.
Яке аз расмҳои дигари ин минтақа он аст, ки кишоварзон ба саҳро рафта, ҷуфт баста, дона ба замин мепошанд ва оилае, ки ҳосили бисёр ба даст оварда буд, марду зан худро ба пушт ба замин мепартоянд ва мегӯянд: “Як дона ҳазор, ҳазор дона бешумор”. Мардум бар он боваранд, ки ин маросим барои ҳосили фаровони соли дарпешистода боис шуда метавонад.
Мардҳои ин ноҳия баъди анҷоми расму оинҳои наврӯзӣ пинҳонӣ ба хонаи яке аз ҳамдеҳаашон рафта, ба болои бом баромада, аз равзана ба дохили хона донаҳои гандумро мепошанд. Соҳибхона ба берун баромада, меҳмононро қабул мекунад ва боз дастархони идона омода месозад ва ёру дӯстон гулбазм ташкил мекунанд. Ҳамин тавр, бо як рӯҳияи баланд ба кишту кори баҳорӣ машғул мешаванд.
Дилнозаи ОРЗУМАМАД,
коромӯзи “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00