Обида дармонбахши беморон аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 март, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 404
Обида дар оилаи узбектаборони шаҳри Бохтар таваллуд шуда, факултети забон ва адабиёти руси филиали Донишкадаи омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченкои шаҳри Душанбе дар шаҳри Бохтарро хатм карда, таҳсилашро дар донишгоҳи тиббии пойтахт идома дод.
Донишгоҳро бо дипломи сурх хатм карду чанд муддат дар маркази Ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе фаъолият кард. Нахустин маротиба дар ҳамин муассисаи тиббӣ таҳти роҳбарии устодонаш ҷарроҳии талхадонро гузаронид. Соли 2005 ба Маркази саратоншиносии вилояти Хатлон ба кор омад. Инак, 18 сол мешавад, ба ҳайси табиб-ҷарроҳ фаъолият дорад.
-Вазифаи духтур хизмат кардан ба мардум аст. Шахсони мубталои ин беморӣ новобаста аз вақт ба ман муроҷиат мекунанд, кумакашон мерасонам, маслиҳат медиҳам,- мегӯяд Обида Сотиболдиева.
Ҳақ бар ҷониби Обида Сотиболдиева аст. Ӯ, хоҳ рӯз бошад, хоҳ шаб дар хизмати мардум қарор дорад. Маҳз ҳамин хислатҳояш Обидаро дар ҷомеа соҳибэҳтиром гардонидааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00