Ш. Худайберенова: «Ҳамеша миёни хонандагон шодам»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 март, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 398
Шекер Худайберенова аз ҷумлаи он бонувони туркментабор аст, ки дар тарбияи насли наврас саҳми беандоза дорад.
Аз соли 1996 инҷониб ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти туркмен дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Дӯстӣ кору фаъолият дорад.
Муаллима Шекер соли 1973 дар ноҳияи собиқ Ҷиликӯл (ҳозира Дӯстӣ) таваллуд шудааст. Чун дар оилаи омӯзгор ба воя расида буд, аз хурдӣ орзу менамуд, ки худ низ омӯзгор шавад. Таҳсилоти миёнаро дар Тоҷикистон гирифта, барои идомаи таҳсил ба Туркманистон меравад. Дар Ҷумҳурии Туркманис-тон ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Сейитназар Сейдӣ дохил мешавад. Онро бо баҳои аъло хатм карда, ба ноҳияи Дӯстӣ бармегардад ва дар яке аз муассисаҳои таълимӣ омӯзгор шуда кор мекунад. Инак, 27 сол мешавад, ки ҳамчун омӯзгор фаъолият дорад.
Шекер дар оила-дорӣ муваффақ бу-да, соҳиби се фарзанд аст. Фарзанди калонӣ донишҷӯи донишгоҳи тиббӣ буда, ду фарзанди дигар хонандагони муассисаи таҳсилоти миёна мебошанд. Ў иброз медорад, ки вазифаи асосии омӯзгор таълиму тарбияи арзандаи насли наврас мебошад ва аз ин рӯ, шогирдон ва фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия менамояд.
Толиб Толибзода, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...