Ҳеҷ гоҳ фикри аз ин Ватан рафтанро надоштам
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 март, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 338
Татяна Қосимова 14 декабри соли 1949 дар ноҳияи Муъминобод таваллуд шудааст. Модараш Екатерина Поташова солҳои 30-юми асри ХХ аз вилояти Тамбови Россия муҳоҷир шуда ба водии Вахш меояд. Падараш Муҳаммад Қосимов аз тоҷикони таҳҷоии бохтарӣ будааст. Таня аз хурдӣ мехост табиб шавад, аммо ба техникуми омори шаҳри Ваҳдат дохил мешавад.
-Ба як тоҷикписар дил бастаму ӯ низ маро дӯст дошт. 25 сол якҷоя зиндагӣ кардем ва соҳиби се фарзанд - ду духтару як писар шудем, - ҷавониҳояшро ба ёд оварда мегӯяд Таняапа.
Соли 1997 аввал ба бахши омор баъдан ба Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба кор медарояд. Инак, 26 сол мешавад, ки Татяна Қосимова бо вуҷуди нафақахӯр будан дар ин муассисаи вилоятӣ кору фаъолият намуда истодааст. Ҳамеша бо маслиҳату машваратҳо дар паҳлуи кадрҳои ҷавон аст. Маҳз ҳамин дастгирӣ, кумаку ёрирасониҳояш аст, ки ӯро кормандони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон меҳрубонона ва навозишкорона «Маманя» садо мекунанд.
-Ҳеҷ гоҳ фикри аз Тоҷикистон рафтанро надоштам ва надорам. Вақте ки ба хонаи писарам ба Россия меравам, ҳамагӣ як ҳафта тоқат мекунаму халос. Бетоқатӣ карда, зуд ба Ватанам - Тоҷикистон бармегардам. Ман дар ин ҷо одат кардаам. Бо ҳамсояҳо, бо занони ҳамкор унс гирифтаам,- мегӯяд қаҳрамони мо.
Таняапа хушбахтии зиндагии 73-солаи худро дар он медонад, ки имрӯз фарзандонашро солиму муваффақ ба воя расонидааст. Имрӯз дар иҳотаи 3 фарзанд, 7 набера ва як абера давлати пирӣ меронад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00