Умри бобаракат
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 март, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ, Боздид 341
Уғулой Сайдуллоева, яке аз модарони табарруки Хатлонзамин аст. Ӯ 8 марти соли 1925 дар оилаи деҳқон, дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ба дунё омадааст. Уғулойапа 60 соли ҳаёти худро ба кори саҳро бахшида, бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзӣ ёфта, фарзандони худро ба камол расонидааст.
-Бо ҳукми тақдир, дар айни орзуҳои ҷавонӣ шавҳарам аз дунё даргузашт. Тарбияи се фарзанд ба дӯшам афтод. Дар колхоз меҳнат мекардам. Кӯшиш мекардам, ки фарзандонам бепадариро ҳис накунанд. Рӯзона ба кори саҳро баромада, пахта ҷамъоварӣ менамудам. Дар дигар мавсимҳои сол бошад, ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ машғул будам. Ҳамин тавр, фарзандонро ба камол расонидам. Мушкилоти зиндагиро паси сар намудам. Имрӯз шукронаи фарзандону наберагон мекунам, ки дар айёми пирӣ дар канорам ҳастанду худ зиндагии осуда дорам, - мегӯяд модар Уғулой Сайдуллоева.
-Модарам пайваста моро таъкид менамуданд, ки дар мактаб таҳсил карда, нағз хонем, соҳибмаълумот шавем ва ҳунареро аз худ намоем. Бо меҳнати худ зиндагӣ намуда, миннати дигаронро накашем. Аз хурдӣ ба таҳсили мо ҷиддӣ назорат мекард ва ҳамин сахтгириҳои модарам буд, ки мо - ду фарзанд таҳсил кардему соҳибмаълумот гаштем, - бо шукргузорӣ мегӯяд Замира, духтари Уғулойапа.
Фарида Баротова,
"Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00