Мо сарбозони кишварем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 феврал, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 502
Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳаёти инсонро ба куллӣ тағйир медиҳад. Ман инро дар ҳаёти худ дидам.
Тирамоҳи соли 2021 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста, барои адои хизмат ба қисми ҳарбии 04080-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, фиристода шудам. Тӯли як соле, ки ман ҳамчун сарбоз дар ин қисми ҳарбӣ адои хизмат мекардам, дӯстони зиёде пайдо намудаву бо афсарони сарсупурдаи кори худ шинос шудам. Бо ҳамаи онҳо мефахраму дӯстӣ дорам.
Командирии қисми ҳарбиро полковник Саидҷамол Ализода бв уҳда дошт. Ӯ аз рӯзи нахустини суҳбат бо мо ҳамеша меҳрубон буд. С. Ализода рӯзҳои душанбе тамоми сарбозони қисми ҳарбиро як – як аз назар гузаронида, бо онҳо ҳамсуҳбат гардида, арзу шикояташонро мешунид. Барои бартараф кардани арзу шикоятҳо ба масъулин супоришҳо медод ва иҷрояшро ба таври қатъӣ талаб менамуд. Борҳо шоҳиди он будам, ки шабҳои сарди зимистон хобгоҳҳои сарбозонро шахсан санҷида, гарм будани онҳоро аз назар мегузаронид, инчунин аз ошхонаву ҳаммоми сарбозон дидан карда, ғизонокии хӯрок, тозагӣ ва ҳолати гигиении дохили биноҳоро месанҷид. Нисбати сарбозон ғамхору меҳрубон буд, бо онҳо ҳамчун падар, бародар ва ё дӯст суҳбат намуда, маслиҳатҳо медод.
Лейтенанти калон Шаҳзод Шорасулов, командири батареяи миномётии қисми ҳарбии мазкур, ки ман дар ин батарея хизмат мекардам, бо дилгармӣ, меҳрубонӣ, ширинсуханӣ аз дигар афсарон фарқ мекард.
Ҳар як суҳбаташ бо сарбозон дарси зиндагиро мемонд. Кӯшиш мекард, ба сарбозон мафҳуми Ватану Модар, зиндагӣ, махсусияти кор бо техникаҳои ҷангӣ, амалиётҳои ҷангӣ ва ҳаёти ҳарбиро фаҳмонад. Сарбозонро насиҳат мекард, ки дар зиндагӣ мубориз бошанд, дилшикаста нашаванд, ҳувияти миллиашонро аз даст надиҳанд, ҳар ваҷаб хоки Ватанро азиз донанд.
Моҳи сентябри соли 2022 Ҷумҳурии Қирғизистон ба сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷум намуд, ки дар натиҷаи он чандин сарбозону афсарони мо шаҳид шуданд.
Дар ана чунин лаҳзаҳо дарк мекунӣ, ки ифтихор аз Ватан, ҳисси миллӣ, ҳимояи марзу буми меҳан чист? Ҳар кас ба ҳимояи марзи Ватан бархезад, нохалафонро аз хоки Тоҷикистон берун кунад. Ман худ шоҳид будам, вақти дохили деҳаҳои тоҷикнишини ҳамсарҳад бо Қирғизистон шудем, мардум ҳарбиёнро бо шодиву фараҳ пешвоз мегириф-танд. Дар чашмонашон ашки шодӣ ҳалқа мезад.
Ҳангоми хизмати аскарӣ дар шаҳри Конибодом дӯстони зиёдеро аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон ёфтам. Бо Аслиддин Халиев, Шаҳром Шарифов аз ноҳияи Ёвон, Ҷамшед Почоев аз шаҳри Исфара, Зуҳруддин Асҳобиддин, Бахтовар Муҳаббатов аз ноҳияи Нуробод, Фирдавс Довудов аз шаҳри Роғун, Ҷонибек Уматов, Азизбек Тоштемиров, Сулаймон Сулаймонов, Иззатулло Зокиров аз шаҳри Конибодом, Умед Исоқов аз шаҳри Панҷакент, Фирдавси Ҳикматулло аз ноҳияи Муъминобод, Ҳасан Хушбахтов аз ноҳияи Мир Сайи Алии Ҳамадонӣ ва дигарон имрӯз ҳам дар робитаему аз ҳолу аҳволи якдигар огоҳ шуда меистем.
Дар интиҳои хизмат бо як бону – афсари низомӣ, модари ғамхору меҳрубон, зани хоксор майор Муҳаббат Эргашова, ки ба ҳайси муовини сардори Ситоди қисми ҳарбӣ адои вазифа менамояд, шинос шудам. Аз ӯ бисёр чизҳоро омӯхтам. Ҳамчунин, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ба ман имконият дод, ки дар вақтҳои холигӣ китоб мутолиа намоям.
Масалан, “Доғистони ман”-и Р. Ғамзатов (ду маротиба), “Саргузашти Амирҳамза”, “Саргузашти Ҳотами Тай”, “Подсознание может все”-и Джон Кехо, “Робинзон Крузо”-и Дефо, “Модар”-и Горкий, “Лоиқи миллат”-и Ш. Каримов, “Шарҳи мухтасари “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ”, се қисми “Солдаты слов”-ро мутолиа намудам.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактабест, ки ҳар як ҷавонмард бояд онро хатм кунад. Дар ин ҷо мехоҳам, аз ҷавонон даъват намоям, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, қарзи Ватан-модарро иҷро намоянд.
Аз фурсати муносиб истифода карда, мардуми шарифи кишвар, бахусус низомиёнро ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ табрику таҳният мегӯям.
Т. Толибзода,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...