Хусусиятҳои пиёз
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 феврал, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 570
Ба шахсоне, ки аз рехтани мӯйи сар азият мекашанд, тавсия дода мешавад, ки оби пиёзро бо сафедии тухм ва асал ҳамроҳ карда, ба решаи мӯйҳояшон моланд.
Шахсоне, ки мушкилии хориш ва обравии чашм доранд, зарур аст, ки оби пиёзро ба чашмонашон чаконанд. Агар онро бо асал ҳамроҳ карда чаконанд, гули дар чашм бударо нест карда, биниши чашмро зиёд мегардонад.
Ба шахсоне, ки аз зиёдшавии балғам азият мекашанд, хӯрдани пиёзи бирён тавсия дода мешавад. Пиёз шушро аз балғамҳои ғализ тоза мекунад.
Ба шахсоне, ки бемории гӯш, пайваста чирк-равию ҷарангоси гӯш азияташон мекунад, чаконидани оби нимгарми пиёз ба гӯш тавсия дода мешавад.
Агар шуморо доғҳои шукуфа азият медиҳад, хӯрдани бештари пиёз тавсия дода мешавад. Ба шахсоне, ки каждум ва занбӯр неш задааст, маслиҳат дода мешавад, пиёзро бо анҷир кофта, дар ҷойи нешзада гузоранд.
Ба шахсоне, ки аз сулфа ва илтиҳоби бронхҳо азият мекашанд, тавсия дода мешавад, ки оби пиёзро бо асал ҳамроҳ карда, истеъмол кунанд.
Ба шахсони гарммиҷоз хӯрдани пиёз тавсия дода намешавад, чунки ҳангоми хӯрдани пиёзи хом гирифтори фаромӯшхотирӣ, дарди сар, ташнагӣ ва пайдо шудани моддаҳои ғализ дар меъда мегарданд.
Ба шахсоне, ки гирифтори илтиҳоби меъда ва зиёдшавии ширааш ҳастанд, хӯрдани пиёз бар нафъи кор нест, чунки он боиси зиёд гардидани шираи меъда шуда, раванди бемориро метезонад.
Истеъмоли пиёзи тару тоза ва баргҳои сабзи он ба шахсоне, ки гирифтори илтиҳоби шадиди гурдаву ҷигар ҳастанд, тавсия дода намешавад.
P.S. Ин тавсияҳо, албатта, хеле хубанд, вале имрӯз чӣ тавр пиёзро барои табобати бисёр бемориҳо истифода кунем? Дар ҳоле ки нархи он ба осмон мерасаду ҳатто хӯрокамон бе пиёз тайёр мешавад. Акнун ба ҷойи табобат дар мо боз як “беморӣ”-и дигар илова шудааст: болоравии нархи пиёз!
Чӣ гуфтед?
Таҳияи Ҷ. ҚИёмиддин
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...