БОЗДИД АЗ РАФТИ ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ҒАЮР» ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 21
![]()
Имрӯз, 3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Панҷ аз рафти оғози кишти пахта дар хоҷагии деҳқонии «Ғаюр», воқеъ дар деҳоти Меҳвар боздид намуданд.
Зимни боздид ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки кишти пахта (пумбадона) дар хоҷагӣ сари вақт оғоз гардида, корҳои саҳроӣ бо риояи талаботи агротехникӣ ба роҳ монда шудаанд. Қайд гардид, ки хоҷагии деҳқонии «Ғаюр» дорои 5,65 гектар заминҳои кишоварзӣ буда, роҳбарии онро Тавуров Бахтиёр ба уҳда дорад.
Хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва техникаҳои муосири кишоварзӣ талош доранд, ки кишти босифатро таъмин намуда, барои ба даст овардани ҳосили фаровон заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо кишоварзон ба фаъолияти онҳо баҳои мусбат дода, таъкид намуданд, ки оғози саривақтии кишти пахта яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани ҳосилнокӣ ба шумор меравад.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...