Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲО ДАР САМТИ ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХИ МАРОКАШӢ ДАР МАВЗЕИ АСПРЕСИ НОҲИЯИ ПАНҶ


БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲО ДАР САМТИ ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХИ МАРОКАШӢ ДАР МАВЗЕИ АСПРЕСИ НОҲИЯИ ПАНҶ



Имрӯз, 3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Панҷ аз рафти корҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди малахи марокашӣ дар мавзеи Аспрес боздид намуданд.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки пайдоиши малахи марокашӣ дар соли ҷорӣ аз 4 март ба қайд гирифта шуда, то имрӯз дар минтақаҳои кӯҳии ноҳия дар масоҳати 477 гектар мушоҳида гардидааст. Қайд гардид, ки дар тамоми ин масоҳат корҳои коркард ва безараргардонӣ пурра анҷом дода шудаанд.

Барои несту нобуд намудани ин ҳашароти зараррасон чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, бо ҷалби сокинони маҳаллӣ ва фаъолон техника ва таҷҳизоти махсус сафарбар карда шудааст. Аз ҷумла, дар корҳои мубориза 3 адад трактор бо овеха, 2 адад автомашинаи тамғаи “Toyota”, 1 адад автомашинаи боркаши навъи УАЗ, 2 адад автомашинаи обкаш ва 40 адад дастгоҳи дорупошии дастӣ истифода бурда мешаванд.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода