БОЗДИД АЗ РАФТИ КИШТ ВА НАШЪУНАМОИ ПАХТАИ ЗЕРИ ПЛЁНКА ДАР ҶДММ ИА «ВОДИИ ЗАРРИН»-И НОҲИЯИ ҶАЙҲУН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 18
![]()
Имрӯз, 3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун аз рафт ва нашъунамои кишти пахтаи зери плёнка дар ҶДММ ИА «Водии Заррин» боздид намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳоди аграрии Водии Заррин» соли 2013 таъсис ёфта, имрӯз ба яке аз субъектҳои муҳими агросаноатии вилояти Хатлон табдил ёфтааст.
Дар доираи барномаҳои давлатӣ ба ҷамъият зиёда аз 12 ҳазор гектар замин барои азхудкунӣ ва барқарорсозӣ вобаста гардида, қисми зиёди он заминҳои қаблан бекорхобида ва ба гардиши кишоварзӣ ҷалбнашуда буданд. Дар натиҷаи корҳои васеи мелиоративӣ ва сохтмони инфрасохтор, то имрӯз зиёда аз 6400 гектар замин обёрӣ гардида, ба гардиши кишоварзӣ ворид шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки низоми ирригатсионии ҷамъият аз 5 пойгоҳи обкашии муосир бо 23 агрегати пуриқтидор иборат буда, шабакаҳои обрасонӣ қариб 100 километрро ташкил медиҳанд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...