Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » СУҲБАТ-ВОХӮРӢ ОИД БА МАРОСИМИ ҲАҶҶИ ФАРЗӢ


СУҲБАТ-ВОХӮРӢ ОИД БА МАРОСИМИ ҲАҶҶИ ФАРЗӢ




Имрӯз аз ҷониби масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин танзими  ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбаладони вилояти Хатлон оид ба мавсими ҳаҷҷи фарзии соли 2026 суҳбат- вохӯрӣ доир баргузор намуданд.

Чорабинӣ бо мақсади иҷрои талаботи моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардида, зимни он ба роҳбаладон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Таъкид гардид, ки роҳбаладон то оғози сафари ҳаҷҷи фарзӣ бо шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки барои адои ҳаҷҷи фарзӣ номнавис шудаанд, вохӯриҳо баргузор намоянд.

Ҳамзамон, ба онҳо дастур дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирӣ аз анъанаҳои нолозим, аз қабили ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон ва ҳоҷиошӣ тақвият бахшанд.

Мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва риояи талаботи қонунгузории амалкунанда дар ҷомеа мебошад.

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода