БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИН ВА НАШЪУНАМОИ ЗИРОАТҲО ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «ФУРҚАТ» ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Имрӯз, 3 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Панҷ аз самаранок истифодабарии замин ва нашъунамои картошка ва пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии «Фурқат», воқеъ дар деҳоти Озодагон боздид намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Фурқат», ки роҳбарии онро Бабаев Фурқат ба уҳда дорад, соли 2017 таъсис ёфта, дорои 70 гектар замин мебошад. Дар хоҷагӣ бо истифодаи самараноки замин ва банақшагирии дурусти кишт зироатҳои гуногуни кишоварзӣ парвариш карда мешаванд.
Аз масоҳати умумии замин, 14 гектар барои кишти картошка, 6 гектар барои пиёз, 3 гектар барои сабзӣ ва 30 гектар барои боғдорӣ ҷудо гардидааст. Қисми боқимонда ба самтҳои полезӣ ва пахтакорӣ равона шудааст. Ҳамчунин, дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагӣ сабзавоту кабудиҳо барои таъминоти рӯзмарраи оила парвариш ва истифода бурда мешаванд.
-
5-02-2026, 11:34
Солномаи Пешвои миллат бо номи “Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” дар...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00