Момои Фотима 110-сола шуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 январ, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 868
Зан – модар офарандаи ҳаёт, сарчашмаи меҳру муҳаббат, фариштаи заминӣ аст, ки бо қалби поку беолоиши худ дар тарбияи фарзандон, оромишу осоиши оила саҳми босазое дорад. Инчунин, занону бонувон дар рушду нумӯи кишвар ва барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат пайваста талош меварзанд.
Дар ин росто яке аз занони деҳотие, ки умри пурбаракати хешро дар баробари тарбияи фарзандон, сарфи меҳнати босамар ва мустаҳкам намудани иқтидори иқтисодӣ, чӣ дар даврони Шӯравӣ ва чӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ, саҳмгузорӣ намудааст, Фотима Салимова мебошад, ки соли равон ба синни мубораки 110-солагӣ қадам ниҳод.
Фотима Салимова 20-уми январи соли 1913 дар деҳаи Рӯҳафзо (собиқ Туябуюн), Ҷамоати деҳоти «Саидмуъмин Раҳимов» (пештара «Ҷорубқул»)-и ноҳияи Темурмалик таваллуд шудааст. Ӯ дар собиқ колхози “Правда” колхозчӣ шуда кор мекард, ба ғаллакорию чорводорӣ ва соҳаҳои дигари хоҷагӣ машғул буд. Гоҳо ҳангоми ҷамъоварии пахта ба ноҳия ва хоҷагиҳои пахтакори ҳамсоя ҳамроҳи дигар колхозчиён барои ёрӣ ба пахтачинӣ мерафт.
Вай собиқаи зиёда аз 40-солаи корӣ дорад. Фотима Салимова бо вуҷуди беш аз умри якасраи хеш, худро солиму бардам ҳис мекунад, бе ёрии каси дигар ба ҳавлӣ баромада гардиш менамояд. Собиқадори меҳнат холаи Фотима, ки имрӯз ба синни мубораки 110-солагӣ қадам мегузорад, аз тарафи роҳбарияти ноҳия қадрдонӣ карда шуд, ки ин аз ҳидояту таъкидҳои Президенти мамлакат, Пешвои муаззамамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нисбати собиқадорони меҳнат ва ашхоси калонсол таваҷҷуҳи зиёд доранд, маншаъ мегирад.
Аз нақли момои Фотима бармеояд, ки ӯ дар 17-солагиаш ба Мустафоқулов ном ҷавони ҳамин ноҳия ба шавҳар баромадааст. Сипас, баъди як муддати зиндагиашон, шавҳараш дар оғози Ҷанги Бузурги атанӣ, соли 1941 ба фронт меравад ва дар набардҳои зидди фашизм ҳалок мегардад.
Баъди ин, момаи Фотима мисли дигар занҳои тоҷик дар ақибгоҳ баҳри пирӯзӣ ва мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии Ватан ва Қувваҳои Мусаллаҳи он шабу рӯз кору меҳнат мекунад. Маҳз, ба ин хотир, момои Фотима барои меҳнати садоқатмандона дар ақибгоҳ ва саҳмаш дар кори Ғалаба бар фашизм, соли 2020 аз номи Президенти Федератсияи Россия бо медали “75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ-1941-1945” қадрдонӣ карда шуд.
Ҳамин тариқ, момаи Фотима соли 1948 маротибаи дуюм ба шавҳар мебарояд.
Имрӯз ӯ соҳиби 3 фарзанд, 20 набера, 75 абера ва 13 чабера мебошад. Писари якумаш Қарабой Гулаев алҳол 73 сол дорад, Назир Гулаев ва Бозорбой Гулаев бошанд, дар синни 60 - 66 солагӣ қарор доранд.
Момои Фотима бо шукргузорӣ аз давлату Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мақому манзалати зан – модарро баланд бардошта, ба занону бонувони собиқадор таваҷҷуҳи беандоза дорад, дар фазои осоиштаи кишвар умри хешро сипарӣ карда истодаанд, миннатдорӣ баён мекунад.
Мо ба ин зани шуҷоъ, қаҳрамони арсаи меҳнат, ки дар остонаи 110 - солагӣ қарор дорад, қувваю неруи тоза ва саломатию хушҳолии бардавом таманно дорем.
Шералӣ ДАВЛАТОВ,
аз ноҳияи Темурмалик махсус
барои рӯзномаи «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00