Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони нодир»


Амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони нодир»



Баробари ба амал омадани сардии номувофиқи ҳаво дар минтақаҳои баландкӯҳ ва доманакӯҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони нодир» баргузор гардида истодааст.

Офоқ Қодириён, роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ дод, ки бо мақсади беталаф баромадани ҳайвоноти нодир ва парандагон аз сармои зимистон шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии қисми минтақавии РВКД дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кулоб дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва бахши муҳити зист дар минтақаҳои Муъминобод ва Ховалинг, ки минтақаи сардтарин ба ҳисоб меравад, корҳои биотехникиро гузаронида истодаанд.

- Дар рафти корҳои биотехникӣ 50 кг гандум, 50 кг ҷав ва 200 кг бедаи хушк дар доманакӯҳҳои минтақаи ноҳияи Муъминобод пошида шуд, - афзуд манбаъ.

Барои минбаъд аз сардиҳои фасли зимистон эмин нигоҳ доштани ҳайвоноту парандагоне, ки дар доманакӯҳ ва минтақаҳои сардтарин сукунат доранд, гузаронидани чунин амалиёт ва корҳои биотехникӣ идома дода мешаванд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода