Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Решаҳои таърихии коррупсия ба аҳди пеш аз мелод мебарад


Решаҳои таърихии коррупсия ба аҳди пеш аз мелод мебарад



Агар баъд аз сохтори ҷамоати ибтидоӣ ба сохти давлатдориву давлатсозӣ назар кунем, пас аз таҳқиқ ба хулосае мерасем, ки ришва як амали нави номатлуби ҷамъият набуда, решаҳои таърихӣ доштааст. Пораву тамаъҷўӣ ва фасодкорӣ ҳанўз баробари ташаккулёбии давлатҳои аввалини таърихӣ зуҳур карда, бештар дар бобати харидани мақомоти судӣ, соҳиб шудан ба мансабҳои давлатӣ ва пайдо кардани баъзе муносибатҳои дўстона бо арбобони давлатӣ дар таърихнигориҳо ба чашм мерасанд.

Дар таъриху таърихнигорӣ истилоҳи коррупсия дар кам ҷой ба чашм расад ҳам, аммо ишораҳои бештар ҳанўз дар ҳазораи сеюми пеш аз милод дар Чини қадим, Ҳиндустон, Мисри қадим дар рўи гилтахтаҳо ва сангҳо навишта шуда будааст.

Истилоҳи коррупсия дар аввалин адабиёти ҳуқуқӣ ва динии Юнони қадим, Мисри қадим, Ҳинд ва Чини қадим ва дигар тамаддунҳои қадимтарини дунё ба чашм мерасад. Масалан, дар китоби «Тарбияномаи Геракл ба писараш Мерикар» омадааст: «Агар хоҳӣ, ки ба тамоми халқ сухани ту коргар бошад, кўшиш намо, ки аз мансабдорони империя ягон зарра даромад дарёфт накунӣ, зеро забони ту дар ҳузури онҳо кўтоҳ ва ҳамаи умури давлатдории ту фано меёбад».

Аз ин насиҳати Геракл ба писараш бармеояд, ки дарёфти ҳадяву ришва аз ҷониби давлатдорон дар Юнони қадим ҳам ба назар мерасидааст. Аксари соҳибназарон бар онанд, ки маҳз аз байн рафтани давлатдории Юнони қадим, агар аз як сў ҷангҳои бемаъниву кишваркушоиҳои бисёр бошад, аз сўи дигар, дар дохили ҳукуматдорӣ пояҳои он аз сабаби ришвахориву тамаъҷўӣ хароб гашта, ба парокандагӣ ва аз байн рафтани императории Юнони қадим оварда расонидааст.

Дар умум бояд гуфт, ки коррупсия ин хӯрдашавии пояи ҳокимият аст, ҳамон тавре ки занг оҳанро фарсуда менамояд, коррупсия низ дастгоҳи давлатро хароб намуда, устувории ахлоқи ҷомеа ва бовариро ба он коста мегардонад ва ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ соҳаҳои асосии ҳаётан муҳимми шаҳрвандонро фаро гирифта, ба шуурнокии ахлоқӣ ва ҳуқуқии онҳо ва тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири манфии худро мерасонад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе аз ҷиноятҳои ошкоргардидаи характери коррупсионидошта дар баъзе аз ташкилоту муссисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ аз нокифоя будани донишу малака, муносибату муоширати шахсони мансабдор ба вуқуъ мепайвандад. Чунончи, файласуфи Чини қадим Мотс Зӣ дар яке аз асарҳояш ёдовар шудааст. «Беэҳтиромӣ нисбат ба хирад ва ашхоси бехирадро мансаб додан боиси бенизомӣ ва рух додани фалокат дар ҷомеа мегардад».

Дар давраи замони ҳахоманишиҳо, ки салтанаташ то Камбуҷа доман густурда буд, як қозӣ бар ивази пул ҳукми ноодилона содир намуд. Сипас, бо фармони Шоҳ Дориюш пўсти он қозиро канда, ба курсии кориаш рўйпўш карданд.

Шоҳ Дориюш ба писари он қозӣ дастур дод, ки ба ҷои падараш қозӣ шавад ва ба курсии рўйпўши пўсти падараш биншинад ва доимо ба хотир дошта бошад, ки ҳар нафари ришвахорро оқибати кор чунин аст.

Дар давлатдории дунявӣ аввалин санад ё худ қонуни махсусе, ки дар таърихномаҳо ба назар мерасад, ин қонун «Дар бораи шаробхорӣ ва манфиатҷуйиву тамаъкорӣ» аст ва он дар асри ХIII қабул шудааст. Дар аҳди Ивани III агар ба ҷиноятҳои доду гирифти ришва ҳукмҳои сахти адои ҷазо дар маҳбасхонаҳо пешбинӣ шуда бошад, дар аҳди набераи ў, ки бо тахаллуси Иван Грозний маъруф аст, барои ришвахорон ҳукми қатлро татбиқ мекард. Ислом коррупсияро маҳкум менамояд.

Дар рисолаҳо ва китобҳои динӣ низ аз нахустин пайдоиши таърихи инсоният дар бобати ришвахурӣ ҳукмҳои сахт ба назар мерасанд. Масалан, дар Инҷил омадааст: «Зиёфат ва туҳфаҳо гашти хирадмандонаро кўр мегардонад ва ҳамчун ҷароҳат дар рўй андомашро безеб мегардонад».

Агар дар китоби Инҷил ба таври нарм гирифтани пора ба кўр шудани ақли хирад сифатсозӣ шуда бошад, дар Қуръон боз маҳкумияти сахттаре нишон дода шудааст: «Моли мардумро махўред, қозиёнро нахаред, ки дар ҳузури Худованд гунаҳгор ҳисобида шуда, аз зумраи зиёнкорон хоҳед буд». (Сураи ал-Бақара/ 188).

Дар яке аз ҳадисҳои пешвои дини ислом Муҳаммад (с) омадааст: «Бигзор ба ғазаби Аллоҳ сазовор гардад, нафари порадиҳанда, тамаъҷў, порагир ва миёнарави онҳо».

Додани пора дар муҳокимаҳои судӣ дар шариати ислом ҳаром шуморида шуда, ба маънои додани пора ба қозӣ ҳангоми муҳокимаро дорад. Дар пайрави гуфтаҳои боло дар адабиёти форсу тоҷик низ дар бобати ришва танқидҳои зиёде ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, дар осори бузургони адабиёти форсу тоҷик, амсоли Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Унсурӣ, Ҷомӣ, Саъдӣ, Аҳмади Дониш ва дигарҳо дар бобати ришваю фасодкорӣ андешаҳои зиёдро дидан мумкин аст. Унсурӣ истилоҳи ришваро ба таъбири «пора» истифода бурда мегўяд:
Ҳар он ҷо, ки пора шуд аз дар дарун,
Шавад устуворӣ зи равзан бурун.


Абулқосим Фирдавсӣ бошад, тамаъҷўиро бо истилоҳи «оз» таъбир карда мефармояд:
В-агар озоварему печон шавем, 
Падид ояд он гаҳ, ки беҷон шавем. 


Ҳазорҳо мисоли дигарро дар асарҳои ниёгон метавон мушоҳида намуд, ки ришваро мавриди танқид ва сарзаниш қарор додаанд.

Бояд тазаккур дод, ки муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои зиддикоррупсионӣ набуда, балки муборизаи дастаҷамъона мебошад. Аз ин рў, ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро зарур аст, ки баҳри муқовимат бар зидди ин зуҳуроти номатлуби рўз дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор ҳиссаи сазовори худро гузоранд.

Собирҷон Давлатзод,
нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода