Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Футбол дар Хатлон рушд мекунад


Футбол дар Хатлон рушд мекунад



Ҷиҳати татбиқи “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2026” дар соли 2022 аз буҷети маҳаллӣ 1 миллиону 116 ҳазор сомонӣ ва аз сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ 405 ҳазору 500 сомонӣ, ҷамъ қариб 1,5 миллион сомонӣ, ҷудо карда шуд.

Қабули “Барномаи рушди футбол дар вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2026”, аз зумраи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти рушди футболи ватанӣ мебошад. Барои амалигардонии ин барнома аз буҷети маҳаллӣ ҷудокунии 4 миллиону 736 ҳазору 500 сомонӣ ва аз Федератсияи футболи Тоҷикистон 11 миллиону 620 ҳазор сомонӣ, ҷамъан беш аз 16,3 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамзамон, “Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” тасдиқ шудааст, ки ҳадафи асосӣ аз роҳандозии Барнома тақвият бахшидан ба пешрафти футбол дар деҳот, баргузор намудани мусобиқаҳои мухталиф  байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футболбозӣ дар деҳот, ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути футбол дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон дар деҳоти  кишвар мебошад.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода