СЕҲРИ РАҚАМИ 23
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 декабр, Бахш: Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 552
Инак, соли 2023 фаро расид. Ал- СЕҲРИ РАҚАМИ 23 батта, ҳар як рақам хусусиятҳои ба худ хос дорад. Дар ин мавод мо доир ба рақами 23 далелҳои ҷолибро пешниҳод менамоем.
Рақами 23 аз ду адади аввали қатор, 2 ва 3, яъне рақами аввали ҷуфт ва якуми тоқи силсилаи натуралӣ ташкил ёфтааст.
Дар алифбои лотинӣ 23 ҳарф мавҷуд аст.
Шумораи ҳарфҳо дар шакли кӯтоҳи алифбои ибрӣ низ 23 адад аст.
Давраи биоритмҳои ҷисмонии инсон 23 рӯз аст.
Дасти одам 23 буғум дорад.
Одам дорои 23 ҷуфт хромосома мебошад.
Ҷон Диллингер, 26 бонкро ғорат кардаву аз 23-тои он пул гирифтааст. Ӯ дар яке аз театрҳои Чикаго, воқеъ дар хонаи рақами 2323 дар Кларк стрит кушта шудааст.
Давраи пурраи гардиши хун, яъне вақте ки дар тамоми бадани инсон хун ҳаракат мекунад, 23 сонияро ташкил медиҳад.
Ҳар мавҷи 23-юми баҳр ба соҳил расида, аз дигар мавҷҳо ду баробар зиёдтар ва боқувваттар аст.
Рамзи унсури 23-юми ҷадвали элементҳои химиявии Менделеев ванадий V мебошад. Яъне, V рақами римии 5 ё ба ибораи дигар 2+3 мебошад.
Бузургтарин марди англисзабон Уилиям Шекспир 23 апрели соли 1564 таваллуд шуда, 23 апрели соли 1616 вафот кардааст.
Аксари осори вай ба мо аз маҷмӯаи аввалинаш маълум аст, ки дар соли 1623 нашр шуда буд.
Як далели ҷолиб: агар рақамҳои фоҷиаи 11 сентябри соли 2001 дар ИМА ба вуқуъ омадаро бо ҳам ҷамъ кунем, пас 23 ҳосил мешавад: 11+9+2+1=23.
Дар Моҳ 23 объект мавҷуд аст, ки давлати СССР офаридааст.
Масофа аз Миррих то радифи он Деймос 23,5 ҳазор километр мебошад. Диаметри радифи дуюми Миррих Фобос 23 километр аст.
Дурахшонтарин ситораи осмон Сириус аз Офтоб 23 маротиба равшантар мебошад.
23 намуди тимсоҳ мавҷуд аст.
Тибқи тақвимҳои шумерӣ ва мисрӣ Соли нав аз 23 июл шурӯъ мешавад.
Темплиерҳо 23 устоди бузург доштанд.
Муҳосираи қаҳрамононаи қалъаи Баёзид 23 рӯз давом кардааст.
Бенито Муссолини 23 сол роҳбари Италия буд.
Дар вақти озмоиши яроқҳои ядроӣ дар Бикини (солҳои 1946-1958) америкоиҳо 23 бомбаи атомиро таркондаанд.
Садама дар Неругоҳи атомии Чернобил дар вақте рух дод, ки ақрабаки соат 23 дақиқаро нишон медод.
Дар соати 23:39 дақиқа “Титаник” ба пирях бархӯрд.
Паёмбари ислом Муҳаммад (с.а.в.) 23 сол паёмбарӣ намудаанд.
Шаҳри Токиои Ҷопон 23 ноҳия дорад.
Коди телеграфии 23 маънои “Қатъ кардан”-ро дорад.
Таҳияи
Толиб ТОЛИБЗОДА
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00