ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Ситорашиносон мегӯянд, ки...


Ситорашиносон мегӯянд, ки...



Агар дар рӯзи аввали Соли нав шамоли сахт вазад он сол (тирамоҳ) ҳосили чормағз фаровон мешавад. Соли навро бо хурсандӣ ва болидарӯҳӣ пешвоз гиред. Зеро рӯзи аввалро чӣ гунае гузаронед, он сол ҳамон тарз мегузарад.

Агар дар шаби 31 декабр дар оғози Соли нав дар хонадон атса задани яке ё чанде аз аъзои оила зиёд шавад, пас давоми сол хушбахтии ин хонавода зиёд хоҳад гашт.

Қарибии соати 12-и шаби 31 декабр, яъне остонаи Соли нав дари хонаатонро кушода монед. Ғаму ғуссаи соли кӯҳан аз дар баромада мераваду хушбахтиҳои солинавӣ вориди хонадонатон мегардад.

Ашк Юсуфӣ,
Аълочии матбуот

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода