Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Шукрона


Шукрона



Таҳти ин унвон маҷмӯаи нави идораи рӯзномаи "Хатлон" рӯйи чоп омад, ки ба ифтихори 70-умин солгарди журналист, публитсисти саршиносу соҳибмактаб ва котиби масъули рӯзнома Саттор Қарахонов бахшида шудааст ва дар он намунаҳои очерку лавҳа, қиссаю ҳикояҳои муаллиф, ки давоми 45 соли фаъолият дар рӯзномаи “Хатлон” ба табъ расидаанд, гирдоварӣ шудааст. Ҳамчунин, дар ин маҷмӯа ёддоштҳои дӯстону ҳамкорон ва аксҳои нодир аз ҳаёту фаъолияти ин рӯзноманигор гирд оварда шудааст.

Ба навиштаи Носирҷон Маъмурзода - мураттиб ва муҳаррири китоб: " Шояд кам касе бовар кунад, ки “Шукрона” нахустин китоби журналисти соҳибмактабу публитсисти соҳибном Саттор Қарахонов аст. Тӯли қариб 50 соли қаламкашӣ ӯ дар бораи садҳо нафар навиштаву чеҳракушоӣ кардааст, муҳаррири даҳҳо китоб будааст, бо мақолаҳояш дар ҳалли муаммоҳои рӯз саҳм гузоштааст, аммо боре ҳам дар андешаи гирдоварии маводи публитсистии худ нашудааст. Камоли хоксориаш аст, ки то имрӯз чунин тасмим нагирифт. Ҳеҷ гоҳ шуҳратхоҳу худманиш набуду нест. Аз ин рӯ, тавре мегӯянд, чун уқёнуси бузург ором, чун уқёнуси Ором бузург аст ӯ”.

- Дар арафаи 70-умин солгарди умри бобаракати Саттор Қарахонов маҷмӯаи мазкур, ҳамчун рамзи эҳтирому арҷгузорӣ, бо таҳрики мо – дӯстону ҳамкоронаш мураттаб гашт. “Шукрона” ном гирифтани он ҳам басо рамзист. Мояи ифтихору сарфарозии мост, ки имрӯз акои Саттор, пири кору “қомуси зинда”, бидуни эҳсоси бемадорӣ, бо масъулияти баланд, ғайрату неруи ҳавасангез дар майдони матбуоти тоҷик ҷавлон мезанад ва пешкори мактаби эҷодии рӯзномаи “Хатлон” мебошад. Шукрона мекунем, - омадааст дар дар пешгуфтори китоб.

Маҷмӯаи "Шукрона", ки аз 394 саҳифа иборат аст, дар нашриёти "Ношир-С" бо тиражи 300 нусхава бо сифати баланд рӯйи чоп омадааст, ки китоб барои рӯзноманигорон, донишҷӯён, муҳаққиқони соҳа ва доираи васеи хонандагон манзур мегардад.

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода