Дар касб содиқ, дар дӯстӣ устувор
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 27 декабр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 628
Беш аз 11 сол мешавад, ки бо устод Саттор Қарахонов (С. Аттор) дар рӯзномаи вилоятии “Хатлон” фаъолият дорам. Аз нигоҳи аввал, дар бораи устод чизе навиштан бароям кори осон менамуд. Вале, вақте ки шахсияти ӯро бо тамоми фазилату бузургиаш пеши назар меоварам, намедонам, аз чӣ оғоз кунаму дар куҷо ба анҷом расонам.
Дар қолаби чанд варақ баён намудани меҳру эҳтиром нисбати ин шахсияти бузург осон нест. Бо вуҷуди ин ҳама, мехоҳам чанд бардошту андешаи худро аз фаъолияти касбии ин марди нексиришту зиндадил, собиқадори матбуоти тоҷик, Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон Саттор Қарахонов дар рӯйи коғаз ба қалам диҳам.
Саттор Қарахонов 50 сол мешавад, ки дар рӯзномаи “Хатлон” ба ҳайси котиби масъул фаъолият дораду шавқу ҳаваси қаламкашӣ ӯро ба саҳнаи эҷод баровард. Новобаста аз вазифаи бадӯшдоштааш ба навиштани хабару мақола, лавҳаю гузориш, очерку ҳикояҳо, ҳаҷвияҳову латифаҳо вақт меёбад. Маҳсули қаламаш, равону сода, пурмаъниву хонданбоб ва ҳам таъсирбахш мебошад. Ба қавле устоди сухан барои хонандаи одӣ менависад.
Устод Қарахонов бо ҳама кормандони рӯзнома муносибати хуб дораду рӯзе нест, ки ҳазлу шӯхӣ, латифаҳои намакин набофаду ҳамаро дар ҳайрат нагузорад.
Идораи рӯзнома, ки хонаи дуюми мо ба ҳисоб меравад, нафаре нест, ки шикоят аз шароити корӣ намояд, аз ҷумла С. Қарахонов. Устод Саттор Қарахонов дар байни ҳамкорон намуна мебошад, бо хислатҳои некаш аз ҳамкасбон фарқ мекунад. Ҷойе, ки ӯ ҳаст, дар он ҷо ғайбат, шикоят, бадбинӣ, ҳасад нест. Дарёдилу дардошно асту ҳамеша ҷавононеро, ки нав ба кори рӯзнома меоянд, насиҳат менамояд ва ба онҳо дар кори эҷодиашон маслиҳатҳои муфид медиҳад. Гумон мекунам, чунин инсонҳои меҳрубон дар ҳаёт каманд. Бо чунин шахсон фаъолият кардан ва лаҳзае дар суҳбаташон нишастан хуш аст ва солҳо дар лавҳи хотир нақш мебандад. Ҳамсуҳбат гардидан бо чунин инсонҳои шарифу фарҳангдӯст, баҳраёб шудан аз лаҳзаҳои хотирмони умрашон аҷаб кайфияте дорад. Дӯстиву рафоқат бо чунин одамон ҳеҷ гоҳ пушаймонӣ намеорад.
Ман хеле хушбахтам, ки дар ҳаёт бо чунин инсони шарифу дидадаро ҳамкораму риштаи дӯстӣ дорам.
Зулфия ХУДОЙДОДЗОДА,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00