Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Зиндагиатро муназзам бикун, қадам ба қадам!


Зиндагиатро муназзам бикун, қадам ба қадам!



Номи Саттор Қарахонов зери садҳо хабару мақола, лавҳаю репортаж ва дигар маводҳои диққатҷалбкунанда дар матбуоти даврии замони Шӯравӣ аз минтақаи Вахшонзамин ҳанӯз аз солҳои 70-уми асри сипаригардида ба хонандагони сершумор шинос буд. Мани ҳамкасбаш низ аз минтақаи Кӯлоб маводҳои ӯро дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ мутолиа намуда, дар дилам хоҳише пайдо мешуд, ки бо ин рӯзноманигори сермаҳсул, тавоно ва ҷасуру ҳақиқатнигор аз наздик шинос шавам ва робитаҳои эҷодӣ ба роҳ монам.

Ин орзу бо амри тақдир моҳи январи соли 1993 ҷомаи амал пӯшид. Он замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъи моҷароҳои шаҳрвандӣ Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 2 декабри соли 1992 қарори дахлдоре қабул намуда, вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппаро муттаҳид сохт ва дар заминаи онҳо вилояти нав бо номи Хатлон ба вуҷуд омад. Бо назардошти ин тағйирдиҳӣ 6 январи соли 1993 иҷлосияи нахустини вилояти навтаъсиси Хатлон нашрияи ин вилоятро ба номи «Хатлон» таъсис дод. Банда, ки он замон вазифаи роҳбари маркази матбуоти Комиҷроияи вилояти Кӯлобро ба уҳда доштам, ба таври гузариш ба вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» таъин карда шудам. Вақте ба вазифаи сармуҳаррирӣ оғоз намудам, баъзеҳо ба банда норозиёна нигариста, мавқеи худро дигар хел намоиш медоданд.

Танҳо чеҳраи ҳамкасби дерошноям Саттор Қарахонов бетағйир ба назар мерасид. Ӯ ба дигарон мефаҳмонд, ки роҳбари фиристодашуда аз ҷойи дигар бошад ҳам, муассиси нашрия, яъне Ҳукумати вилоят лоиқ дониста таъин кардааст ва мо набояд хилофи он амал намоем.

Зимни тақсимоти вазифаҳо аз рӯзҳои аввали кори якҷоя вазифаи котиби масъулиро ба уҳдаи Саттор Қарахонов вогузор кардем. Зеро дар рӯзнома ин вазифа нисбати дигар вазифаҳо душвору масъулиятнок маҳсуб меёбад ва на ҳамаи эҷодкорон аз уҳдаи он баромада метавонанд. Дар миёни ҳамкорон аз ҳама таҷрибадору ба ин вазифа мувофиқ Саттор Қарахонов буд.

Ӯ ба кори полиграфӣ бештар ошноӣ дошт, нозукиҳои саҳифабандиро хуб медонист, маводҳоро аз рӯи моҳияташон ҷо ба ҷо мекард, пайваста кӯшиш ба харҷ медод, ки ҳар як шумора хонданбоб ва ҳадафнок ба хонанда расад. Тарзе амал мекард, ки ҳама аз кораш розӣ буданд ва дар борааш суханҳои нек мегуфтанд. Аз ҷумла мегуфтанд, ки Худованд Саттор Қарахоновро гӯё барои кори матбуот офарида бошад.

Солҳои 90-ум зиндагӣ сангин буд ва дар ҳама соҳа кор бо мушкилӣ ҷараён мегирифт. Дар ин росто заҳмати журналистон ҳам истисно набуд. Кадрҳои эҷодӣ ва техникӣ намерасиданд. Мавҷҳои зиндагӣ ва моҷароҳои беақлонаи шаҳрвандӣ ҳамаро ба ҳар тараф пароканда карда буд. Беҳтарин рӯзноманигорони ҳирфавӣ аз номусоидии кору зиндагӣ ба давлатҳои дигар фирорӣ шуда буданд. Дар ақибгоҳ танҳо онҳое боқӣ монда буданд, ки иродаи матини худро бо маргу набардҳо муқобил мегузоштанд. Яке аз он ҷонфидоёни кори матбуот ана ҳамин Саттор Қарахонов маҳсуб меёфт.

Аз сабаби он ки нашрияҳо аз набудани эҷодкорони асил танқисӣ мекашиданд ва ба журналистони таҷрибадор ниёз доштанд, Саттор Қарахоновро ба чандин нашрияҳои давлатию хусусии ҷумҳуриявӣ барои кор ва ҳамкорӣ даъват менамуданд. Саттор Қарахонов дар ин рӯзҳои мушкил, то метавонист, онҳоро дастгирӣ мекард ва маводҳои «доғи рӯз» менавишт. Махсусан маводҳои навиштааш дар ҳафтаномаи хусусии «Чархи гардун» хонандагони зиёде пайдо карда буд. Ӯ қиссаҳои хеле ҳавлангез менавишт, барои ислоҳи нуқсонҳои ҷойдошта дар ҷомеа масъалагузорӣ менамуд ва хонандагони матбуоти давриро ба дастовардҳои зиндагӣ ҳидоят месохт.

Инак, ин рӯзноманигори бомаҳорату соҳибэҳтиром саргарми корҳои бузурги эҷодӣ, бе хабар аз роҳи паймудаи зиндагӣ, ба синни мубораки 70-солагӣ расидаст. Банда ҳамчун ҳамкасб ва ҳамкори собиқ ӯро ба ин муносибат сидқан шодбош гуфта, барояш тани сиҳат, хотири ҷамъ ва нишоти зиндагӣ таманно менамоям ва ба маврид мегӯям: «Зиндагиатро муназзам бикун, қадам ба қадам!».

Шералӣ ЯҲЁЕВ,
собиқадори матбуот, сармуҳаррири нашрияи «Хатлон»
(солҳои 1993-2003)

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода