“Шӯхӣ мекунам, ҳазл қабул накунед”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 декабр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 569
Гардиши айём ва чархи фалак инсонро ба фосилаҳои дури дур мебарад, то сиёҳро аз сафед ва хубро аз бад фарқ карда тавонем.
Ҳамчунин, барои ошноӣ пайдо кардан бо дигарон василаи хуб мешавад. Банда низ дар тӯли ҳаёти худ бо садҳо нафар шинос шудам, ки яке аз онҳо журналист ва публитсисти саршиносу соҳибмактаб Саттор Қарахонов мебошад.
Самимӣ ва бо чеҳраи кушода истиқбол гирифтани атрофиён хислати асосии акаи Саттор ба ҳисоб меравад. Ҳамеша кӯшиш мекунад, ки бо рӯҳияи болидаву сухани нек бо атрофиён суҳбат кунад. Аввалин рӯзе, ки ба рӯзномаи “Хатлон” омада будам, як маводи худро барои хондан ба котибот супоридам ва акаи Саттор онро таҳрир карда, хеле шӯхӣ кард.
Ростӣ, шӯхиҳояш дар ёдам нест, танҳо ҳаминаш дар хотиротам нақш бастааст, ки гуфт: “Боз аз суханҳои мо хафа нашавӣ, мо ҳамин хел ҳастем, шӯхӣ мекунем, ҳазл қабул накун”. Ба умқи гапаш хуб аҳамият надода будам ва маънии суханашро сарфаҳм нарафтам, вале боз хандиду дуюмбора ҳазле кард...
Ҳар боре, ки дар бораи ину он масъала мавод менависем, аз назари акаи Саттор мегузаронем ва маслиҳатҳои эшонро барои мукаммал кардани матлаб мепурсем.
Ҳамчунин, акаи Саттор дар корҳои тарроҳии рӯзнома низ таҷрибаи калон дорад. Дар рӯзҳои нахустине, ки дар рӯзномаи “Хатлон” ҳамчун тарроҳ ба кор оғоз намудам, хеле душворӣ мекашидам. Аммо акаи Саттор баъзе чизҳои ҷузъие бароям омӯзонд, ки ҳатто тасаввурашро намекардам.
Имрӯз мо бо акаи Саттор дар як утоқ фаъолият дорем ва шояд нисбат ба дигар кормандон мо бештар бо ҳам наздик бошем. Ҳар субҳ, вақте вориди идора мешавем, ҳазлҳои намакину шакарини акаи Саттор хотири моро болида мегардонад.
Хислати накӯи дигари акаи Саттор ин аст, ки ҳеҷ гоҳ ҳамкоронро “фаромӯш” намекунад. Агар рӯзе бо ягон сабаб худаш ва ё ягон корманд ба кор наомада бошад, пеш аз ҳама, аз аҳволи ӯ хабардор мешавад. Вақте ба аёдати волидон рафта будам, ҳар рӯз занг зада мепурсид, ки дар чӣ аҳвол ҳастам.
Ҳамакнун, мо дар арафаи ҷашни 70-солагии журналисти саршинос ва соҳибмактаб Саттор Қарахонов қарор дорем.
Мавлуди эшон ба нахустрӯзи соли нави мелодӣ тавъам омадааст. Банда акаи Сатторро ба муносибати ба ин синни муборак расиданашон, аз самими қалб табрику таҳният гуфта, барояшон нахуст саломатии бардавом, умри дарози пурбаракат, зиндагии шоиста ва фатҳи қуллаҳои баланди муродро таманно дорам. Бигузор, ҳамеша бо сарбаландӣ ва шӯхиҳояш сояи фарзандон ва сутуни рӯзномаи “Хатлон” бимонанд.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...