Инро донистан шарт аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 декабр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 698
Вирус организми зинда нест, балки молекулаи сафеда мебошад, ки бо қабати борики равған (липида) пӯшонида шудааст. Дар ҳолати ба молекулаҳои узвҳои чашм, бинӣ ва ё рӯй афтоданаш, рамзи генетикии худро дигар карда, ба зиёдшавӣ оғоз мекунад.
Собун ва кафки он беҳтарин силоҳ бар зидди равған. Вирус хело нозук аст – ягона муҳофизаш қабати борики равғани он (липида) мебошад. Собун ва кафки он беҳтарин усул бар зидди равған ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин сабаб тавсия дода мешавад, ки зуд – зуд дастонатонро бо сабун шӯед, зеро кафки собун ва дигар маҳсулоти шустушӯӣ равғанро об ва нест мекунад. Дар ҳолати бо собун шустани дастон ягона “муҳофизи вирус” шикаста ва вайрон мешавад, дар натиҷа худи вирус ҳам несту нобуд мегардад.
Гармӣ равғанро об мекунад. Аз ҳамин сабаб истифода бурдани оби гармиаш аз 25 дараҷа баланд ҳангоми даст, рӯй, либосшӯӣ ва тамизкорӣ тавсия дода мешавад. Ҳамзамон оби гарм барои зиёд гардидани кафк кумак мерасонад ва барои зудтар нест шудани вирусҳо айни муаддаост.
Спирт ва дигар маҳлулҳои дар таркибашон аз 65% боло спиртдошта равғанро об мекунад, аз ҷумла қабати муҳофизатӣ –липидаи болоии вирусро вайрон ва нест мекунад. Дилхоҳ маҳсулот 1 ҳиссаи маҳлули сафедкунанда ва 5 ҳиссаи об бевосита ба об ва нестшавии сафедаҳо аз дохилашон кумак мекунад.
Бактеритсидҳо кумак намекунанд. Таъкид мекунем, ки вирус организми зинда нест ва бактерияҳоро бо антибиотикҳо наметавон нест кард.
Молекулаи вирус дар ҳолати ҳарорати сард ва сардии табиӣ, аз ҷумла ҳангоми истифода бурдани кондитсионер дар хона, ҷойи кор ё нақлиёт муътадил боқӣ мемонанд. Вирусҳо муҳити намнок, сард, салқин ва торикро дӯст медоранд. Аз ин рӯ, лозим аст, ки хона, утоқи корӣ, автомобил ва дигар муҳити атрофамонро хушк, рӯшан ва гарм нигоҳ дорем. Чунки гармӣ, рӯшанӣ, хушкӣ вирусҳоро тезтар нобуд мекунанд.
Шумо бояд то ва баъд аз истифода бурдани телефон, даст расонидан ба дастаи дар, ҷузвдон, пулт, соат, мизу курсӣ, компютер, пул, ҳамён, телевизор, баъди аз ҳоҷатхона баромадан ва ғайра ДАСТОНАТОНРО БО СОБУН БА МУДДАТИ 20 СОНИЯ ШӮЕД. Ва дар охир зудзуд нохунҳоятонро гиред.
Таҳияи Наврӯз
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...