Зуком ё коронавирус: онҳоро аз якдигар чӣ гуна фарқ кардан мумкин аст?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 декабр, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 630
Дар ин рӯзҳо эпидемияи зуком дар бисёр кишварҳо авҷ гирифтааст. Бо вуҷуди ин, аломатҳои ин беморӣ тақрибан ба нишонаҳои штамми «омикрон» якхелаанд.
Пас, чӣ гуна ин бемориҳоро бидуни таҳлили тиббӣ аз ҳамдигар фарқ кардан мумкин аст? Олимони хориҷӣ дар ин бора хулосаҳои худро баён карданд.
Ба назари онҳо, давраи инкубатсияи вируси зуком хеле кӯтоҳ — 1-2 рӯз аст, дар ҳоле ки нишонаҳои аввалини коронавирус танҳо пас аз 4-6 рӯз пайдо мешаванд. Аз ин рӯ, агар Шумо як рӯзи пас аз муошират бо бемори зуком бемор шавед, эҳтимоли зиёд аст, ки Шумо низ гирифтори зуком шудаед. Илова бар ин, зукоми маъмулӣ аксар вақт боиси дарди мушакҳо, буғумҳову устухонҳо ва инчунин дарди сар мегардад.
Ҳар ду беморӣ бо якбора баланд шудани ҳарорати бадан, дарди гулӯ, сулфа ва заъфи умумӣ оғоз мешаванд, дар ҳоле ки оби бинӣ ва болоравии ҳарорати бадан то 37 дараҷа хоси дигар шаклҳои SARS аст. Аммо барои ташхиси дақиқ, санҷиши ПCР ҳанӯз лозим аст.
Дар шаклҳои сабуки ҳар ду беморӣ тадбирҳои муолиҷаи статсионарӣ як аст: истироҳати бистарӣ, нўшидани машруботи зиёд, дар ҳарорати болотар аз 38 дараҷа ва дарди сар - истеъмоли доруҳои ҳароратпасткунанда ва таскинкунанда. Табобат дар хона бояд на камтар аз як ҳафта давом кунад.
Таҳияи ГЕСУ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...