Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Таъсиси 111 корхона бо 1417 ҷойи корӣ


Таъсиси 111 корхона бо 1417 ҷойи корӣ



Дар 10 моҳи соли 2022 дар вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 8 миллиарду 387,2 миллион сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 208,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Тавре ки ба рӯзномаи “Хатлон” аз шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи раиси вилоят иттилоъ доданд, дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи саноати коркард 59,5%, истихроҷи маъдан 4,2%, истеҳсоли неруи барқ 35,9% ва хизматрасонии об 0,5 фоизро ташкил додааст.

Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 111 адад корхона ва коргоҳҳои навтаъсиси соҳаи саноат бо 1417 адад ҷойи кории нав таъсис дода шудааст.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода