Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Парчами Тоҷикистон ҳамеша ҷилвагар бошад


Парчами Тоҷикистон ҳамеша ҷилвагар бошад



Дар Паёми шодбошии худ ба ифтихори 29-умин солгарди қабули Парчами давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён карда буданд: «Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангсолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос кардааст».

Бояд хотирнишон сохт, ки маҳз иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо се раванди таърихиаш бо хатҳои заррин нақши хешро гузошт. Аввалан, интихоби Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки ба ин маснад шахсияти закӣ, пурсабру тоқат, далеру шуҷоъ Эмомалӣ Раҳмон лоиқ дониста шуд.

Дуюм, пояҳои сохти конститутсионӣ, давлатдории миллӣ маҳз дар ин иҷлосия гузошта шуд. Сеюм, қабули Парчами миллӣ воқеаи фаромӯшнашавандаи муҳиму таърихии он буд.

Барои таҳия ва қабули намуди парчам дар ҷумҳурӣ озмун эълон гардида, дар як муддати кӯтоҳ ба комиссия беш аз 200 тарҳи парчаму нишон пешниҳод гардид. Лоиҳаи омоданамудаи рассомон бо сарварии Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев шоистаи ҷойи нахустин шуд. Ва маҳз ин тарҳ дар иҷлосия рӯзи 24 ноябри соли 1992 лоиқи қабул гардид. Ҳамин тариқ, ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дорои яке аз рамзҳои давлатдориаш гашт.

Лаҳзае, ки ин парчамро ба толори Қасри Арбоб дароварданд, Раиси навинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон бо арзи эҳтиром онро бӯсиданд. Ҳоло он яке аз нигораҳои пурарзиштарини Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Бо парафшон гардидани Парчами миллии кишварамон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид то имрӯз Тоҷикистони азизи моро қариб 200 давлати дунё ба расмият шинохтааст ва бо бештари онҳо муносибатҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дорад.

Эҳтироми рамзҳои давлатӣ бояд ифтихори миллии ҳар як шаҳрванд бошад. Мо, тоҷикон, дар парчамдорӣ таърихи куҳан дошта, муаррихон истифодаи онро ҳанӯз то милод тасдиқу таъкид кардаанд.

Бигузор, Парчами миллии мо ҳамеша зери осмони софу беғубор, сулҳу салоҳ, ваҳдат, якпорчагии сарзаминамон, ҳамдилию ҳамбастагии тамоми мардум ҷилвагару партавафшон бошад.

Музаффар Раҷабализода,
прокурори ноҳияи Муъминобод

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода