Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » “Ман”-и хешро дарёб!


“Ман”-и хешро дарёб!



- Падар!

- Лаббай!

- Мехоҳам шахси машҳур шавам. Бояд чӣ кор кунам?

- Сароянда шав.

- Сароянда??? Охир барои ин ба ман боз бастакору оҳангсозу дигару дигар лозим.

Ғайр аз ин, ман завқи баланди интихоби матнро надорам. Чӣ хел мешавад? Падар: ҳеҷ мушкил намешавад. Айни ҳол барои сарояндаҳо на шоир лозим, на оҳангсоз ва на танзимгар. Чун ҳамаи ин корҳоро худашон анҷом медиҳанд. Ғайр аз ин, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ кас ба мазмуни баланди матн аҳамият намедиҳад. “Ҳарчи пеш омад, хуш омад”, -гӯён чизи ба зеҳнашон омадаро хондан мегиранд.

Ту метавонӣ бо калимаҳои “Ҳа, не, бирав, биё” як соат РЭП хонӣ. - Не, падар. Бо ин роҳ ҳам зуд машҳур намешавӣ. Ин вақти зиёдро мехоҳад. Ман мехоҳам дар фурсати кӯтоҳ мавқеъ ва фазоро ба даст орам.

- Пас, БЛОГЕР бош!

- Блогер? Барои ин бояд чӣ кор кунам?

- Зиёд заҳмат намекашӣ. Мана дирӯз мо “қарзи фарзандӣ” гуфта, бобоятро маротибаи сеюм зан додем, яъне оиладор кардем. Як мавзуи ҷолиб: “Издивоҷи мӯйсафеди 95-сола”.

Як мусоҳиба бо “шаҳбача” анҷом медиҳиву мешавӣ блогер ва шахси маъруф. - Не падар! Ман намехоҳам оилаамонро дар сомонаҳо бубинам. Ягон маслиҳати дигар диҳед.

- Хайр, ана духтари ҳамсоя Миҷгонаро дар блогат муаррифӣ мекунӣ.

Агар фаромӯш накарда бошӣ, имсол дар ноҳияи мо иди Наврӯз тамоман ғайриодӣ гузашт. Зеро ҷавондухтароне ба майдон омаданд, ки “мардонавор” бо ҷавонписарон гӯштин гирифтанд. Ту метавонӣ дар бораи ӯ мавод омода кунӣ.

- На, на падар, асло! Шояд ту маро инсони дорои андешаҳои куҳна ҳисоб намоӣ, аммо ман намехоҳам гӯштингир будани зан-духтари тоҷикро дар ин сатҳ бубинам. Албатта, мехоҳам муваффақият ва ҷасорати духтари тоҷикро дар Сурайё бубинам, аммо на дар гӯштину палангвор дасту панҷа задан бо мардҳо. Гумон мекунам, ки ин ҷо назокати занонаи тоҷикӣ аз байн меравад. Ягон роҳи дигар нишон диҳед, падар.

- А-а-а, ёфтам писарам, ёфтам! Дар блогат ё умуман дар интернет ягон дурӯғи бузург гӯй. Ҳам таваҷҷуҳро ҷалб менамоиву ҳам айни замон назар ба сухани росту ҳақиқат бо дурӯғ маъруф шудан осонтар аст.

- Уффф! Ин ҳам нашуд, падар.
- Чаро?

- Ба фикрам, имрӯз дар интернет ягон дурӯғи бузурги ногуфта намондааст.

- Пас, дизайнери либос ё худ тарроҳ шав.

-Як-ду либоси тоҷикиро барои ҳунармандон бо мӯди аврупоӣ синтез мекуниву мешавӣ маъруф ва қаҳрамони сомонаҳои иҷтимоӣ.

- Ин ҳам намешавад, падар. Кайҳост, ки либоси мо бо мӯди аврупоӣ ва ҳатто маҳаллии африқоӣ синтез шудааст.

- Падар: дидӣ писарам! Ҳар роҳе ман ба ту нишон додам, қабул накардӣ. Яъне мисли онҳо будан нахостӣ. Воқеан чунин бош, писарам! Яъне тақлид макун.

“Ман”-и хешро дарёб. Бузургон ҳам беҳуда нагуфтаанд: “Халқро тақлидашон барбод дод”. Хислати тоҷикӣ, ҳиссу ғурури тоҷикӣ дошта бош, то ҳомии арзишҳои миллати хеш гардӣ. Ва беҳтарин маъруфият ҳамин аст!

Райҳона РАҲМАТОВА

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода