Аз ту як соат ҷудоӣ хуш намеояд маро...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 июл, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 902
Достони зану марде, ки 40 сол ҳамзистии шод доранд ва ҳар ду касби пойафзолдӯзиро пеша кардаанд
Амаки Азизулло ва холаи Гулмо 40 сол боз зиндагии якҷоя доранд. Ҳоло ҳар дуи онҳо ба касби мӯзадӯзӣ машғул ҳастанд. Бо ҳар тори риштае, ки пойафзолеро медӯзанд, гӯё муҳаббаташонро ба ҳамдигар пайваст месозанд.
Паҳлуи ҳам кор мекунанд. Дар меҳнат, дар шодиву ғам, тарбияи фарзандон шарики якдигаранд. Ризқи худро бо нӯги сӯзан, бо меҳнати ҳалол дармеёбанд. Агар ба зиндагии онҳо таваҷҷуҳ намоем, он бисёр ҷолибу пандомез аст.
Холаи Гулмо нақл мекунад: “Модари ману шавҳарам ҳар ду рустабор буданд, яъне апаву хоҳар. Падарҳоямон бошанд, тоҷиканду ба ҳам бародар. Падари ман ба хизмати аскарӣ рафта, дар он ҷо бо модарам шинос шуда, ӯро ба ватани худ – Тоҷикистони биҳиштосо меорад. Модарам бо ҷавони тоҷик ҳамхона шуда, ба расму оин ва мардуми он зуд унс мегирад. Боре холаам, яъне модари шавҳарам, ба меҳмонии модарам меояд. Хусурам бо як дидан ба ӯ ошиқ мешавад. Ҳамин тавр, онҳо низ оила бунёд мекунанд”.
Ҳарчанд амаки Азизулло касбҳои зиёдеро балад аст, 5 соли охир ҳамроҳи завҷааш ба мӯзадӯзӣ машғуланд. Онҳо мегӯяд, ки даромад аз ин касб ба зиндагии хоксорона ва харҷи ҳаррӯзаашон мерасад. Омӯзиш ва интихоби касби мӯзадӯзӣ барои як зан воқеаи ғайримаъмулист.
Дар ин роҳ ба холаи Гулмо низ мушкилоти зиёде садд гардида буданд. Вале ин зани қавиирода ҳамаи мушкилиҳоро пушти сар кард. “Аз фарзандонам хоҳиш намудам, ки касби пойафзолдӯзиро ба ман омӯзонанд, - мегӯяд холаи Гулмо, - вале онҳо ба ин зид баромаданд. Нанг донистанд, ки зан ба касби мардона машғул мешавад ва «айб аст» гуфтанд. Баъд бо ҳар баҳонае ба кори онҳо зеҳн монда, ҳамин тавр касбашонро ба қадре омӯхтам. Пойафзолҳои даридаро гирифта, дар ҳуҷраи дигар пинҳонӣ аз онҳо таъмир мекардам, то вақте ки дастам ба ин кор рост шуд. Баъд дар паҳлуи онҳо нишаста корро оғоз намудам.
Онҳо аз наздашон ронданӣ мешуданду боз ҳамон гапҳои куҳнаро ёдовар мегардиданд. Вале ман ба касби навам содиқ мондам”. Ҳоло барои холаи Гулмо мӯзадӯзӣ мушкилие надорад. Зеро агар шогирд буд, имрӯз устоди касби хеш гардидааст. Худи ӯ бо нимшӯхӣ иқрор мешавад: “Дар рӯзҳои аввал дастонам ба кор намечаспид, ангуштонам захм мебардошт ё ришта дастамро мебурид, вале лаб зери дандон монда ба ҳамааш тоқат кардам ва бо гузашти вақт дастам гиро шуду ин касбро аз худ намудам...
Амаки Азизулло ва холаи Гулмо дар ҳама кор мададгору маслиҳатгари якдигаранд. Махсусан, зиндагии онҳо рангину афсонаи ширинеро мемонад. Ҳамчун оилаи намунавӣ ном баровардаанд. Ҳар як роҳгузар, хоҳ ӯ зан бошад ё мард, ба кори онҳо бо ҳавас менигарад ва орзуи ба онҳо монанд шуданро мекунад. Зеро ин зану мард дар хонаю кор якҷоя, паҳлуи якдигаранд.
Дар ин росто холаи Гулмо бо ифтихору шукргузорӣ мегӯяд: «Худоро ҳазор бор шукр мегӯям, ки бароям ҳамин хел шавҳари меҳрубон додааст. Ҳамеша ғами ману фарзандонашро мехӯрад. Ҳамзамон ба якдигар кумак мекунем, намехоҳем, ки ҳатто як нафас аз якдигар ҷудо бошем. Ба камаш қаноат ва ба будаш шукр мекунем. Тавре ки мақоли халқӣ мегуяд: “Кам бошаду беғам бошад”. Маънии оиладорӣ ҳамин аст...»
Далер ИБОДУЛЛОЗОДА, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...