Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Татбиқи 17 лоиҳа барои рушди кишоварзӣ


Татбиқи 17 лоиҳа барои рушди кишоварзӣ



Барои таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то ба имрӯз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло боз 4 лоиҳаи дигар ба маблағи 1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Ин нукта зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилоят дар ноҳияи Данғара рӯзи 18 июн баён гардид.

Илова бар ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар 15 соли охир хоҷагиҳои кишоварзии вилоят бо зиёда аз 2 ҳазор техникаи кишоварзӣ ва 6 ҳазору 600 мошинолоти кишоварзӣ таъмин карда шудаанд. Маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон 58 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии кишварро ташкил медиҳад, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имкониятҳои фаровони соҳа ҳанӯз ҳам ба таври зарурӣ истифода нашуда истодаанд. Ҳарчанд майдони кишт дар вилоят нисбат ба соли гузашта тағйир наёфтааст, вале зиёда аз 16 ҳазор гектар заминҳои партов, аз ҷумла 14,7 ҳазор гектар заминҳои обӣ ва қариб 2 ҳазор гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мавҷуданд.

khatlon-ruznoma.tj

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода