Нонро сарфа намоед
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 июн, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 654
Агар нон хушк шуда бошад, онро напартоед ё ба чорво надиҳед, зеро метавон онро дубора истифода бурд. Чи тавр? Тавсияҳои мо метавонанд барои шумо ва барои сарфаву сариштакорӣ дар оилаи шумо лозим шаванд.
-Нони хушкшударо ба муддати 3-4 дақиқа дар об андохта, баъдан онро дар тафдон 10-15 дақиқаи дигар гузоред. Сипас, нонро аз тафдон гирифта, худ шоҳиди он мегардед, ки нони шумо мисли пештара гарму иштиҳоовар мегардад.
-Аз нони хушк, инчунин метавонед, хӯрок омода намоед. Аксарияти шумо медонед, ки аз нони хушк таоми болаззати нонпалов омода мекунанд.
-Нони хушкшударо дар шакли чоркунҷа реза намуда, онро бо хокаи ролтон омехта намуда, метавон аз он нони хушк (сухари) омода кард, ки хӯрдании дӯстдоштаи кӯдакон аст.
-Ҳамзамон, метавонед нони хушкро майда карда, бо тухм бирён намоед, дар натиҷа субҳонаи болаззат омода мегардад.
-Аксарияти мо субҳгоҳон ширчой истеъмол менамоем. Назар ба нони мулоим дар ширчой нони хушк болаззаттар аст. Аз ин рӯ, нони хушкшударо напартоеду майда карда ҳар субҳ бо ширчой истеъмол намоед.
-Нони хушкро бо уғур ё блендер майда карда, аз он талқон омода намоед ва бо шакар онро илова карда, ба кӯдаконатон диҳед. Хӯрдании каллориянок буда, барои инкишофи устухонҳои кӯдаконатон манфиат дорад. Инчунин, аз нони майдакардашуда котлет ва тифтел метавон омода кард.
Фарида Баротова, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...