Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Таътили тобистона kӯдакону наврасон дар ин давра ба кадом корҳо ҷалб мешаванд?


Таътили тобистона kӯдакону наврасон дар ин давра ба кадом корҳо ҷалб мешаванд?



Дар таътили тобистона фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои тобистона аз манфиат холӣ набуда, барои даст назадани онҳо ба ҷинояту ҷинояткорӣ, худкушию худсӯзӣ, нашъамандӣ ва ҳодисаҳои номатлуб машғулияти хубест. Бо ин мақсад қарори раиси вилояти Хатлон аз 23 майи соли 2022, № 163 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2022” ба тасвиб расид.

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи раиси вилояти Хатлон, соли равон 177 ҳазору 650 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта мешаванд.

Раёсати маорифи вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, ки аз 1 июни соли 2022 ҳамаи муассисаҳои томактабӣ ба вақти тобистона гузаронида шавад. Аз 15 июн то 25 июн дар ҳамаи муассисаҳои таълимии вилоят даҳаи ташкили истироҳатгоҳҳои фароғатӣ-таълимӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сафар Давлат, сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят, оид ба ҷалби кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои тобистона ва баргузории машғулиятҳои онҳо чунин иброз дошт: «Кӯдакону наврасоне, ки ба лагерҳо ҷалб мешаванд, ба машғулиятҳои фароғатию солимгардонӣ ва омӯзишиву варзишӣ, инчунин ба маҳфилҳои адабию ҳавасмандгардонӣ машғул мешаванд. Вобаста ба майлу хоҳиши кӯдакону наврасон озмуну маҳфилҳои адабӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ байни онҳо гузаронида мешавад. Мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили футбол, волейбол, шоҳмот, шашка ва дигар намуди бозиҳо, ки ба тарзи ҳаёти солими онҳо нигаронида шудааст, баргузор мегарданд. Озмунҳои “Дастони моҳир”, “Китобхони беҳтарин”, “Гулпарвар”, “Дӯстдори китоб”, “Рассоми беҳтарин” низ барои ин кӯдакон пешбинӣ шудааст».

Бояд қайд намуд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 5 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ амал менамояд, ки айни замон таъмиру тармими онҳо аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад. Масалан, дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии “Шарора”-и ноҳияи Муъминободбудаи шаҳри Кӯлоб барои фарогирии 120 нафар, “Шифобахш”-и ноҳияи Вахш барои 100, “Офтобак”-и шаҳри Норак барои 120, “Насими Фархор”-и ноҳияи Фархор барои 35 ва истироҳатгоҳи “Истиқлол”-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар ноҳияи Муъминобод барои 70 нафар кӯдакону наврасон омодагиҳо рафта истодааст. Инчунин, фиристодани кӯдакони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, кӯдакони қобилиятнок ва тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ба истироҳатгоҳҳои “Чангоб”, “Ҳамсафар”, “Қаратоғ”, “Файзи Истиқлол”, “Ширкент”, “Обшорон”, “Шоҳин”, “Насими кӯҳсор”, “Барқчиён” ва истироҳатгоҳҳои вилояти Суғд дар назар дошта шудааст.

- Айни замон як қисмати кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои тобистона фаро гирифта шуда, қисмати дигар дар ҳоли сафарбарнамоӣ мебошанд,- қайд намуд С. Давлат.

Фарида Баротова, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода