Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ


Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ



13 майи соли равон дар майдони Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод барои аҳолии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.

Тибқи иттилои Махфират Каримова, сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Кӯлоб, дар асоси Барномаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва барқияи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонон бо мақсади таъмин намудани ҷавонон ба шуғл, ҷиҳати ба ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин намудани ҷавонони бекор ва корҷӯ, чорабинии мазкур гузаронида шуд. Дар ярмарка 73 ташкилоту муассиса ва корхонаҳо барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ 134 ҷойи кории холӣ пешниҳод карданд. Аз ин шумора 10 нафар роҳхат ба кор гирифта, 20 нафари дигар ба касбомӯзӣ равона карда шуд.

Агентӣ тасмим гирифтааст, ки дар оянда бештар ҷавондухтаронро барои касбомӯзӣ ба ҳунарҳои қуроқдӯзӣ, ҷӯроббофӣ, чакандӯзӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ ҷалб намояд.

Дар ярмаркаи мазкур зиёда аз 200 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд.

Бахтиёр САФАРОВ, ш. Кӯлоб

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода