Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » «Тахти Сангин – рамзи таърихи пурғановати тоҷик»


«Тахти Сангин – рамзи таърихи пурғановати тоҷик»



Бахшида ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин, ки ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО шомил гардидааст, идораи рӯзномаи “Хатлон” бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон озмуни эҷодиро таҳти унвони «Тахти Сангин – рамзи таърихи пурғановати тоҷик» эълон мекунад.

Дар озмун журналистон, муҳаққиқон, таърихшиносон, публитсистон ва ҳамаи алоқамандон иштирок карда метавонанд. Иштирокдорон метавонанд мақолаҳои худро дар доираи жанрҳои публитсистӣ омодаву пешкаш намоянд.

Мақолаҳо дар ҳаҷми то 5 саҳифа бо ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 қабул карда мешаванд. Иштирокчиёни озмун метавонанд, мақолаҳои худро ба унвонии почтаи электронии мо: khatlon.tj@mail.ru ё бевосита ба идораи рӯзнома – шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов-12 бо ишораи «Барои озмун» пешниҳод кунанд.

Озмун аз 4 феврали соли 2022 оғоз гардида, то моҳи марти соли 2023 идома меёбад. Ғолибони озмун бо туҳфаҳо қадр карда мешаванд.

МУКОФОТҲО:
Барои ҷойи аввал – 2 000 сомонӣ.
Барои ҷойи дуюм – 1 500 сомонӣ.
Барои ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ.


Навиштаҳои беҳтарин дар шакли маҷмӯаи алоҳида низ чоп карда мешаванд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода