Шумораи занони соҳибкор афзудааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 24 январ, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 389
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон ва рушди фаъолияти соҳибкории онҳо дар соли 2021-ум 27 нафар занони соҳибкори шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сазовори гранти мақсадноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Дар ин бора Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон ба рӯзномаи “Хатлон” иттилоъ дод. Ба қавли манбаъ, ҳамзамон тибқи қарори раиси вилояти Хатлон, аз 26 феврали соли 2021, №47 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025», бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон дар соли гузашта 21 нафар соҳибкорзанон ғолиби озмуни гранти раиси вилояти Хатлон гардиданд ва лоиҳаҳои онҳо ба маблағи 1 миллиону 250 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.
Қобили зикр аст, ки шумораи занони соҳибкори инфиродии фаъолияткунанда дар қайди мақомоти андоз дар вилоят 17541 нафар буда, аз инҳо 12425 нафар бо шаҳодатнома ва 5116 нафар бо патент фаъолият менамоянд.
http://khatlon-ruznoma.tj/