Ободӣ аз файзи Истиқлол
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 сентябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 1 649
Мухбирамон бо раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ Ҳошим Хоҷаев ҳамсуҳбат гардида, оид ба пешрафту рушди Ҷамоати деҳот, омодагиҳои мардуми маҳал ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот гирифт.
- Имрӯз, ки мардуми кишварамон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ гирифта, корҳои созандагию ободониро ривоҷ дода истодаанд, дар ҳудуди ҷамоати шумо чӣ амалҳои созандагию ободкорӣ роҳандозӣ гардидаанд?- Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои ҳар фарди тоҷик, умуман, шаҳрвандони Тоҷикистон азиз аст ва ҳар яки онҳо кӯшиш мекунанд, ки саҳми худро дар бошукӯҳ таҷлил намудани ин иди миллӣ гузоранд. Сокинони ҷамоати мо низ, алалхусус, соҳибкорону мардони саховатпеша, кӯшиш намуданд, ки дар ин раванд аз дигарон қафо намонанд. Аз ҷумла, шахси баландҳиммат С. Қодирзода дар деҳаи Осмонбика барои хонандагони мактаби №23 11 синфхона, 2 варзишгоҳ, ду ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакону калонсолон, Комилҷон Аюбов бошад, варзишгоҳ, мағозаи молҳои омехта ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, соҳибкори дигар Шодмон Юсуфов варзишгоҳ, бунгоҳи саломатӣ сохта, ба истифода доданд. Бо ташаббуси оилаи Қурбонзодаҳо бошад, масофаи 8 километр роҳ сангфарш карда шуда, дар деҳаи Шӯрчашма (Каримбердӣ) бинои мактаби № 32 иборат аз 10 синфхона аз нав сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Сохтмони дигар иншооти ҷашнӣ идома дорад. Ҳамчунин, тибқи нақша дар деҳаи Пушёни миёна 1 муассисаи томактабӣ барои 50 нафар кӯдак, мағоза, ҳаммом ва варзишгоҳ сохта, ба истифода дода мешавад.
- Бахши асосии фаъолияти мардуми деҳоти ҷамоат чист?- Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов хурд нест. Солҳои қаблӣ ду ҳоҷагиро дар худ муттаҳид мекард. Ҳарчанд хоҷагиҳо имрӯз амал накунанд ҳам, вале замину мардуми онҳо дар як ҷамоат муттаҳид мебошанд. Айни замон, аҳолии ҷамоат ба 28424 нафар расида, 3484 хоҷагиро ташкил медиҳад. Мардуми деҳот, асосан, ба зироаткорию чорводорӣ машғуланд. Дар ҳудуди ҷамоат 3423 гектар замин мавҷуд буда, аз ин 2134 гектараш корами обӣ аст. Аз ҷумла, соли ҷорӣ дар 815 гектар пахта ва 2021 гектар ғалладона кишт карда шуд. Ҳамчунин, дар 45 гектар замин картошка, 125 гектар пиёз ва 135 гектар полезӣ кишт карда шуда буд, ки аз онҳо ҳосили хуб гирифта шуд. Нашъунамои пахта низ бад нест.
- Вазъи соҳаҳои фарҳангу маориф ва тандурустӣ дар кадом поя қарор дорад?- Ба фикрам, аз бахши тандурустӣ оғоз кунем, беҳтар аст. Чаро ки вазъи ин бахш солҳои қаблӣ хеле ногувор буд. Бемории сил дар байни аҳолӣ хеле авҷ гирифта буд. Ва ҳамин буд, ки замони шӯравӣ ба мардуми ин маҳаллаҳо ёрии моддӣ расонда, як зумра имтиёзҳо низ дода шуда буд. Шукр мекунем, ки имрӯз ин беморӣ хеле кам гардида, вазъ беҳтар шудааст. Шояд хизматрасонии хуби тиббӣ буд ва ё сатҳи зиндагии мардум боло рафт, ки пеши роҳи хуруҷи ин беморӣ гирифта шуд. Айни замон, дар ҳудуди ҷамоат 1 беморхона, 5 маркази саломатӣ ва 6 бунгоҳи тиббӣ дар хизмати аҳолӣ қарор дорад.
Дар соҳаи маориф бошад, шукри даврони истиқлолият, ба пешравиҳои назаррас ноил гардидем. Биноҳои нави ҳаматарафа ҷиҳозонидашуда мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин раванд, чуноне иброз доштем, соҳибкорону мардони ҳимматбаланд саҳми муносиб гирифтанд. Имрӯз дар ҳудуди ҷамоат 11 муассисаи таълимӣ ва 1 муассисаи томактабӣ фаъолият намуда, бо муаллимону мураббияҳои ихтисосманд таъминанд.
Умуман, имрӯз фаъолият дар ҳама бахшҳо, чӣ истеҳсолӣ ва чӣ фарҳангу маънавиёт, мувофиқи мақсад аст. Кулли мардум бо рӯҳияи баланди ватандӯстию ифтихор аз Истиқлолу Ватани озоди худ бо дасту дили гарм меҳнат намуда, бар он ҷидду ҷаҳд доранд, ки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбуби худро дар сатҳи баланд таҷлил намоянд.
- Ба Шумо ва мардуми ҷамоат баҳри иҷрои ниятҳои нек барору комёбӣ орзу намуда, тансиҳатии комил таманно дорем!
- Ташаккур!Наҷот Сафар зода ,
«Хатлон»