Ангур давои 20 беморӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 1 382
Имрӯзҳо дар бозори мо намудҳои ангур бисёранд. Ҳар як намуди ангур хусусияти шифобахшӣ дорад. Масалан, истеъмоли ангури тагобиро мутахассисон барои шифои камхунӣ тавсия медиҳанд. Ангур гуруснагиро низ бартараф месозад. Мегӯянд, ки ангур давои 20 беморӣ мебошад. Ангур бемориҳои гепатит ва холесиститро рафъ сохта, ба мубодилаи моддаҳо таъсир мерасонад. Дар натиҷаи мушоҳидаҳо маълум шудааст, ки истеъмоли ангур хурӯҷи бемориҳои такрорёбандаро хеле кам менамояд. Мутахассисон муайян сохтанд, ки дар таркиби ангур қариб 150 моддаҳое мавҷуданд, ки ба организми инсон, таъсири пурсамар мерасонад. Хусусиятҳои шифобахшии ангур ба чӣ қадар пухта расидан, хусусиятҳои хок ва микроиқлим вобаста аст.
Истеъмоли як пиёла шарбати ангур дар фасли зимистон ба организм нафъи беандоза дорад. Дар шарбати ангур ҳамаи хусусиятҳои шифобахшии ангури тару тоза мавҷуд аст. Шарбати ангур дорои моддаҳои калий ва пектин буда, аз склероз пешгирӣ менамояд. Ба ҳамин хотир мутахассисон истеъмоли шарбати ангурро маслиҳат медиҳанд. Агар шахс ҳар рӯз ба миқдори кам мавиз истеъмол намояд, аз сулфаи балғамдор, сафро халосӣ ёфта, хотирааш мисли қаблӣ барқарор мешавад. Яъне бемориҳое, ки зикрашон дар боло рафт, метавонанд, ки ба ҷои ҳаб (таблетка) бо ангур шифо ёбанд. Барои ҳифзи пӯсти дандон аз таъсири оксидҳо ва гулҳо низ истеъмоли ангур тавсия дода мешавад.
Таҳияи Гесӯ