“Кай бармегардӣ, ҷони модар?”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 19 август, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 918
ЧУНИН БУД СУХАНИ МОДАРЕ, КИ ПИСАРИ ХУДРО ДАР ФУРУДГОҲИ ШАҲРИ БОХТАР БОЗ БА МАРДИКОРӢ ГУСЕЛ МЕКАРД
Бозоргул Шофайзова модарест, ки писаронаш барои дарёфти маблағ рӯ ба муҳоҷират овардаанд. Модари сарсахт аз ғаму ғуссаи ҳамешагии ду фарзанди муҳоҷираш саломатии худро аз даст додааст.
Зеро ҳар лаҳза дар ҳарос аст, ки мабодо хабари нохуше аз писарони дар мулки ғарибӣ оворааш нашунавад. Аз субҳ то шом бо расми фарзандонаш бо як ҷаҳон меҳру муҳаббати модарона ҳарф зада, минҷумла мегӯяд: «Писарони азизам, шумо дар куҷоед, дар куҷо мехобед? Кай рӯзе шавад, ки шумо бо садои «Оча, очаҷон, мо омадем!» дари хонаро кушода, сари болини модар нишинед? Ва ман ба чеҳраи шумо нигариста, ормон шиканам. Писаронам, бо омадани шумо ман аз панҷаи ғам раҳо мешавам. Оҳ, кош, шумо тифл мемондед, ки чун овони кӯдакиятон дар гирди ман ба мисли кабӯтаракон чарх мезадед.
Афсӯс, ки он рӯзҳо барнагардандаанд. Рафтани шумо барои ман ба мисли он аст, ки парандаи шодӣ аз ошёнам парида, ба дуриҳои дур рафтааст. Кай бармегардед, ҷони модар? Охир, ман ҳам мехоҳам ба мисли дигар модарҳо шодӣ кунам».
Зимнан, ҳини суҳбат бо рӯзномаи «Хатлон» афзуд: «Ҳар рӯз рӯйи ҷойнамоз дуо мекунам, ки Худоё, ин ҳама озурдагӣ баҳри чист? Ин чӣ имтиҳон аст? Агар фиғони маро шунавӣ, хоҳиш дорам, писарони ғариби маро дар паноҳат нигоҳ дор ва ба назди ман соқу саломат баргардон. Зиёда аз се сол мешавад, ки фарзандони ман Исроил ва Исмоил дар мулки бегонаанд, ки ин бароям бисёр сангин аст. Дили модар нозук аст, ҳамеша пеши назарам чеҳраи ҷигарбандонам меояд.
Ҳар гоҳе, ки сари дастархон ҷамъ мешавем, ҷойи нишасти писарони муҳоҷирамро холӣ дида, оби дида бари рӯ ба хотири озурда нашудани аҳли оила ба берун мебароям ва то дилам ором гирифтан ашк мерезам».
Воқеан ҳам, барои ҳар як модару падар дурӣ аз фарзанд душвор аст. Ва мутаассифона, Бозоргул Шофайзова ягона модаре нест, ки дар чорсӯи зиндагӣ бо умеди дидори фарзанд озурдаву ҳайрон бошад. Биноан, тасмим гирифтам, ки як рӯзро дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа гузаронам, то ин ки аз ҳавлу ҳоли шумораи бештари волидони ба гусели фарзанд омада воқиф гардам.
Ҳамин тариқ, модароне, ки омадани фарзандашонро интизоранд, як қадар ором аз байни мардум писар суроғ мекарданд. Аммо ҳоли модароне, ки писарро аз канори хеш раҳо мекарданд, бемуҳобот, тасвирнопазир аст…
Гулҷаҳон Тӯраева аз зумраи модароне буд, ки ба пешвози фарзандаш ба фурудгоҳ омадааст. «Чанд маротиба аст, ки фарзанди ман ба муҳоҷират меравад. Аммо кадом модар мехоҳад, ки писараш аз наздаш дур равад? Худо хурсандиро диҳад», - гуфт ӯ.
Модари дигар Ашӯргул Ҳаётова, ки барои хайрухуш бо писараш омадааст, парешонҳол иброз намуд: «Ман писари сеюмамро ба муҳоҷират равон мекунам. Кадом падару модар мехоҳад фарзандаш дар мулки мардум бошад? Ҳар замон ба ҷони онҳо хатаре таҳдид мекунад. Чӣ кунам, шароити ин замон ҳаминро тақозо мекунад.
Ба ғайр аз рӯ ба муҳоҷират овардан дигар роҳе надорем. Дар ин ҷо ман кори хоҷагӣ мекунам, маошам намедиҳанд, бо маблағи равонкардаи писарам хӯрока мегирем. Агар онҳо дар муҳоҷират набошанд, намедонам мо чӣ тавр зиндагӣ мекунем».
Дар ҳақиқат, зиндагӣ пастиву баландиҳои зиёдеро дорост, ки ин инсонро водор месозад ба коре, ки намехоҳад, даст занад. Яъне падару модаре, ки бо сад машаққат фарзанд ба воя расонидаанд, ба хотири пул ӯро худ ба дасти дигаре месупоранд.
Ва баъди рафтани фарзанд рӯзу шаб занги ӯро интизор мешаванд. Вале дар ҳоле, ки имрӯз аксарият аз набудани ҷойи кори доимӣ ва камии музди меҳнат меноланд, равшан нест, ки модарони тоҷик бояд то кай ин ҳамаро таҳаммул намоянд. Лек «Банда ба умед, шайтон ноумед» гуфтаанд.
Давлатбеки КАРИМЗОД7 августи соли 2014. №30 (2971)